Июн 25, 2019 09:46 Asia/Dushanbe
  • Донишмандони эронӣ, дорандаи рутбаи нахусти ҳаво фазо дар Осиёи ғарбӣ

Бар асоси навтарин рутбабандии Саймго, Эрон дар соли 2018 ба мақоми нахусти тавлидоти илмӣ дар риштаи муҳандисии ҳаво фазо дар сатҳи кишварҳои Осиёи ғарбӣ расидааст.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, навтарин рутбабандии Саймго барои соли 2018 мунташир шуда ва таҳлили аъдод ва арқоми он нишон медиҳад Эрон дар соли 2018 ба мақоми нахусти тавлидоти илмӣ дар риштаи муҳандисии ҳаво фазо дар сатҳи кишварҳои Осиёи ғарбӣ расидааст.

Саймго яке аз навтарин ва ҷомеътарин низомҳои рутбабандии пажуҳишии донишгоҳҳо ва муассисоти пажуҳишмеҳвар дар ҷаҳон аст.

Баррасиҳои мунташиршуда дар маҷалаи SCImago Journal & Country Rank» нишон медиҳад Эрон бо теъдоди 486 мақола дар заминаи муҳандисии ҳаво фазо дар рутбаи нахуст ва Туркия бо як ихтилофи чашмгир дар рутбаи баъд ва дар мақоми дуввум қарор гирифтааст.

Бар асоси ончи ки ин рутбабандӣ мунташир карда режими саҳюнистӣ ва кишварҳои Арабистон саудӣ, Миср, Ироқ, Амороти Муттаҳидаи арабӣ, Урдун, Лубнон, Қатар, Кувейт, сарзамини ишғолӣ ва Сурия дар ҷойгоҳҳои баъд аз Эрон ва Туркия қарор гирифтаанд.

Эрон дар як баррасии куллитар миёни 155 кишвари ҷаҳон, ҷойгоҳи сездаҳуми ҷаҳонро ба худ ихтисос дода ва садрнишини кишварҳои ҷаҳон донишмандони чинӣ ҳастанд.