Июн 27, 2019 17:48 Asia/Dushanbe
  • Сардор Фадавӣ: Ҳеҷ кас ҷуръати шиллики ҳатто як гулӯла ба Эронро надорад

Ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт, иқтидори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаи низоӣ сабаб шуда, Амрико ва ҳампаймононаш ҷуръати шиллики ҳатто як гулӯла ба Эронро надошта бошанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, сардор Алӣ Фадавӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи панҷшанбе дар маросиме дар Язд (маркази Эрон) бо ишора ба талоши ҳамаҷонибаи душман алайҳи Эрони исломӣ хотирнишон кард, бо вуҷуди гузашт беш аз 30 сол аз поёни ҷанги таҳмилӣ, таҳдидот ҳамчунон идома дорад.

Вай бо баёни инки душман ба думболи нуфӯз дар арсаҳои мухталифи Инқилоби Исломӣ аст, гуфт, Инқилоби Исломии Эрон як сармояи бисёр азим ва бузурге аст, ки ин сармояро шуҳадо ва исоргарон дар солҳои пеш ва баъд аз Инқилоби Исломӣ халқ карданд.

Сардор Фадавӣ, посдориро як ифтихор дар низоми Ҷумҳурии исломӣ баршумурд ва хотирнишон кард, беш аз 40 ҳазор нафар бо либоси посдорӣ ва ҳудуди 100 ҳазор басиҷӣ дар роҳи Инқилоби Исломӣ ҷони худро фидо карданд ва ба шаҳодат расиданд.

Ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон ҳамчунин бо ишора ба муҳиммтарин маъмуриятҳо ва барномаҳои сипоҳ, афзуд, Сипоҳи посдорон дар 5 ҳавзаи маъмурияти иблоғии «муқобила бо таҳдидот сахт, нимасахт, ҷанги нарм, арсаи дохилӣ ва арсаи хориҷӣ» фаъолият мекунад.

 

Барчасп