Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Ваҳдати миллӣ – рамзи мондагори истиқлоли Тоҷикистон
(last modified Thu, 27 Jun 2019 15:23:34 GMT )
Июн 27, 2019 20:23 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Ваҳдати миллӣ – рамзи мондагори истиқлоли Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон имрӯз дар маросими ҷашни Рӯзи ваҳдати миллии ин кишвар дар сафорати Тоҷикистон дар Эрон гуфт, иллати шикасти давлати Сомониён дар ҳазор сол пеш вуҷуди тафриқа ва набуди ваҳдати миллӣ будааст.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон, ки дар миёни ҷамъе аз тоҷикистониҳои муқими Эрон сухан мегуфт, афзуд, тоҷикистониҳо баъд аз инқирози Сомониён, дар соли 1991 бо ваҳдати худ ба истиқлол даст ёфтанд ва акнун як кишвари мустақил доранд. Низомиддин Зоҳидӣ бо интиқод аз тафриқаафканон байни мардум ва давлати Тоҷикистон гуфт, бадхоҳон, ҷанги таҳмилии дохилии Тоҷикистонро ба роҳ андохтанд ва ҳастии мардуми ин кишварро вайрон карданд. Зоҳидӣ бо ишора ба имзои созишномаи сулҳ бо миёнҷигирии Эрон афзуд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар 22 сол пеш бо имзои созишнома, мӯҷиботи ваҳдати мардум ва гурӯҳҳоро фароҳам овард ва акнун даврони ҳастисозии Тоҷикистон аст. Вай бар ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва тақвияти равобит бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамсоя таъкид кард.

Муродҷон Бердибоев, муовини сафири Тоҷикистон дар Эрон, доктор Нор Норов аз кормандони радио тоҷикии Садои Хуросон, Шоҳмансур Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар ЭКО ва як донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Эрон дар бораи аҳаммияти Ваҳдати миллии Тоҷикистон ва парҳез аз тафриқа, нифоқ ва тақвияти равобити Эрон ва Тоҷикистон бо кумаки радио тоҷики Садои Хуросон матолибе баён карданд.