Гоми тозаи Эрон дар посух ба бадаҳдии аврупоиҳо
Эрон бар асоси банди 36 –и БарҶом, аз марзи 300 килограмм ураниюми ғанишуда убур кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба бадаҳдии аврупоиҳо дар иҷрои тааҳҳудоти БарҶомии худ, аз гоми тозаи Эрон хабар дода гуфт, Эрон хеле шаффоф ва сареҳ тибқи барномае, ки аз пеш эълом карда буд, тааҳҳудоти худ дар БарҶомро коҳиш медиҳад.
Зариф афзуд, Эрон дар марҳалаи баъдӣ коҳиши тааҳҳудоти БарҶомии худ, аз сақфи ғанисозии 3 мумаййиз 67 дарсад убур хоҳад кард.
Тасмими Эрон барои афзоиши захоири ураниюм бар асоси маводи БарҶом анҷом шуда ва нақзи он маҳсуб намешавад.
Козими Ғарибободӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена рӯзи душанбе бо ишора ба 15 гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар бораи пойбандии Эрон ба БарҶом таъкид кард, иқдоми Эрон дар ростои истифодаи ҳуқуқи худ, мутобиқи бандҳои 26 ва 36-и БарҶом аст. Бар ин асос Эрон аз 8 майи 2019 иқдомотеро барои коҳиши тааҳҳудоти БарҶомии худ иттихоз кардааст.
Коҳиши бархе тааҳҳудоти Эрон ва оғози бахше аз фаъолиятҳои ҳастаӣ, ки анҷоми он дар чорчӯби БарҶом мутаваққиф шуда буд, аввалин гоми Эрон дар вокуниш ба хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва ҳамчунин бадаҳдии кишварҳои аврупоӣ дар иҷрои тааҳҳудоташон аст.
Акнун захирасозии оби сангин ва ураниюми ғанишуда паёми муҳимеро ба тарафҳои БарҶом мунъакис мекунад. Бархе бар ин боваранд, ки дар шароити феълӣ даступойи Теҳрон баста шудааст. Дар ҳоле ки ин иқдом танҳо бахше аз иқдомоти густурдаи Эрон аст, ки метавонад анҷом диҳад.
Сабоҳ Зангана, коршиноси масоили байналмилал мегӯяд, то замоне, ки Эрон дар чорчӯби БарҶом амал мекунад, ҳақ дорад аз зарфияти он истифода кунад ва аз тааҳҳудоти мозод бар БарҶом даст бикашад. Бинобарин таноқузе бо асли БарҶом нахоҳад буд.
Бар асоси БарҶом, миқдори ураниюми ғанишудае, ки метавонад дар Эрон вуҷуд дошта бошад, 300 килограмм аст ва мозоди ураниюми ғанишуда бояд ба кишварҳои дигар содир шавад. Амрико аммо бо таҳримҳояш қасд дорад БарҶомро дар бунбасти комил қарор диҳад. Дар ин сенария, ду ҳадаф қобили пешбинӣ аст:
Ҳадафи нахуст; водор кардани Эрон ба таваққуфи комили ғанисозӣ аст, ки ин ҳадаф аз пеш шикаст хурдааст.
Аммо ҳадафи дувум, рӯйкарди ба иддаосозиҳои тоза, мабнӣ бар тахаллуфи Эрон аз БарҶом аст. Дар ҳоле ки иқдоми Эрон мунтабиқ бо мафоди пешбинишуда дар БарҶом аст.
Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷа мегӯяд: “Тибқи БарҶом мо бояд мозоди 130 тон аз оби сангинро ва мозоди 300 кило ураниюми ғанишударо ё табдил кунем ё бифурӯшем. Амрико аммо гуфтааст, ки касе ҳақ надорад аз Эрон бихарад, чун мехоҳад ин тавлид мутаваққиф шавад, дар ин ҷо ҳам, чун мо муқайяд ба БарҶом ҳастем, агар натавонем бифурӯшем, бояд тавлидро мутаваққиф кунем. Дар гоми ҷадид мо ба маҳдудияти тавлид ва фурӯш муқайяд нестем ва мехоҳем онҳоро захира кунем. Арзиши роҳбурдии захоир ба ин аст, ки бидуни маҳдудият дар кишвар вуҷуд дошта бошад”.
Акнун дар ҳоле, ки аз фурсати 60 рӯзаи додашуда ба аврупоиён танҳо чанд рӯз боқӣ монда, эъломи убури захоири ураниюми ғанишудаи Эрон аз марзи 300 килограмм ҳушдоре ҷиддӣ ба тарафҳои боқимонда дар БарҶом аст. Баъд аз хуруҷи Амрико аз БарҶом дар ҳаштуми майи 2018 ва иҷрои моддаи 36 тавассути Эрон, аврупоиҳо 11 тааҳҳуд доданд, ки “ИНСТЕКС” ҳеҷ кадом аз он тааҳҳудот нест, балки муқаддимае барои иҷрои он тааҳҳудот аст.
Бо дар назар гирифтани ин шароит, вазири умури хориҷаи Эрон гуфтааст, дар сурате, ки аврупоиҳо иқдомоти лозимро барои иҷрои тааҳҳудоташон анҷом бидиҳанд, иқдомоти Теҳрон қобили бозгашт аст, вале агар иқдомоти лозимро анҷом надиҳанд, Эрон бар асоси банди 36-и БарҶом, иқдомоти худро коҳиш медиҳад.