Июл 04, 2019 16:43 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Чин: Амрико ҷуръати ҳамла ба Эронро надорад

Сафири Эрон дар Чин гуфт, Эрон алоқае ба ҷанг бо Амрико надорад, аммо агар ҷанге аз сӯи Вашингтон оғоз шавад, Теҳрон қотеъона ба он посух хоҳад дод.

Муҳаммади Кишоварззода, сафири Эрон дар Чин дар мусоҳиба бо нашрияи “Global Times”- чопи Чин бо ишора ба таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон тасреҳ кард, шумори зиёде аз кишварҳо бо таҳримҳо ва империализми Амрико мухолифат кардаанд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон низ метавонад дар муқобили таҳримҳои якҷонибаи Амрико биистад.

Кишоварззода ҳамчунин ба иддаои Амрико дар музокира бидуни пешшарт бо Эрон ишора кард ва гуфт, иқдомоти Амрико аз ҷумла хориҷ шудан аз тавофуқи ҳастаӣ, ​эъмоли таҳримҳо алайҳи Эрон ва ҳузури фазояндаи низомӣ дар Халиҷи Форс ҳамагӣ нишон медиҳад, ки Вашингтон пешшартҳои зиёде барои музокира бо Эрон дорад.

Сафири Эрон дар Чин дар айни ҳол тасреҳ кард, хурӯҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаии Эрон бо интиқоди ҷомеаи байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст ва Эрон ҳамчунон аз аъзои тавофуқи ҳастаӣ интизор дорад ба мухолифат бо якҷонибагароии Амрико қотеъона идома диҳанд.

Кишоварззода афзуд, муҳиммтарин ҳадафи тавофуқи ҳастаӣ, ироаи мазоёи иқтисодӣ барои Эрон аст ва агар ин ҳадаф муҳаққақ нашавад, Теҳрон бар ин бовар аст, ки кишварҳои марбут бо тавофуқи ҳастаӣ талошҳои кофӣ барои наҷоти БарҶом анҷом надодаанд

 

Барчасп