Июл 09, 2019 20:21 Asia/Dushanbe
  • Сафири Швейтсария дар Теҳрон: Хадамоти Эрон ба шаҳрвандони хориҷӣ қобили тақдир аст

Сафири Швейтсария дар Теҳрон гуфт, хадамот ва имконоти ироашуда ба шаҳрвандони хориҷӣ, бавижа ба шаҳрвандони Афғонистон тавассути Ҷумҳурии Исломии Эрон қобили тақдиру таҳсин аст.

Ба гузориш ИРНА, Маркус Лейтнер, сафири Швейтсария дар Теҳрон имрӯз дар боздид аз марзи Дуғоруни устони Хуросони Разавӣ (шарқ Эрон) афзуд, бо таваҷҷуҳ ба шароити мавҷуд ва зиндагии атбои кишварҳои мухталиф дар Эрон боздиди мустамар аз марзҳои вурудӣ ва хурӯҷӣ атбои хориҷӣ дар Эрон аз аҳамияти вижае бархурдор аст. Сайидалии Қосимӣ, мудири кулли атбоъ ва умури муҳоҷирини хориҷии устондории Хуросони Разавӣ ҳам дар ин боздид гуфт, бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳои суратгирифта тавассути бархе кишварҳои аврупоӣ давлати Эрон ҳамчунон хадамоти худро ба паноҳандагон ва муҳоҷирони хориҷӣ дар дохили Эрон идома медиҳад ва ин хадамот рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст.

Як ҳайати 30-нафараи сафирон, дипломатҳои хориҷии муқими Теҳрон ва масъулони созмонҳои байналмилалии муртабит бо умури паноҳандагон дар Эрон ва ҳамчунин дафтари Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон рӯзи сешанбе аз нуқтаи сифри марзии Эрону Афғонистон, аз ҷумла марзи Дуғорун боздид карданд. Дипломатҳои сафоратҳо, ки аз марзи Эрону Афғонистон дидан карданд, аз кишварҳои Белгия, Австрия, Швейтсария, Шветсия, Чехия, Лаҳистон, Туркия, Англия ва Австралия буданд.

Ҳамакнун 320 ҳазор шаҳрванди Афғонистон ба сурати қонунӣ дар устони Хуросони Разавии Эрон сукунат доранд. 60 ҳазор нафар аз ин ҷамъият ба унвони донишомӯз дар мадориси ин устон дар ҳоли таҳсил ҳастанд.

Рӯзона беш аз ҳазору 200 нафар аз атбои Афғонистон ба сурати довталабона аз тариқи марзи заминии Дуғоруни устони Хуросони Разавӣ ба кишвари худ бозмегарданд.

 

Барчасп