Июл 10, 2019 20:02 Asia/Dushanbe
  • Кумакҳои ҷаҳонӣ барои паноҳандагон дар Эрон нокофӣ аст

Устондори Хуросони Разавӣ кумакҳои байналмилалиро дар баробари ҳазинаҳои Эрон барои атбои хориҷӣ нокофӣ донист ва нақши фаъолтари Аврупоро дар кумак ба паноҳҷӯён хостор шуд.

Алиризо Разм Ҳусайнӣ, устондори Хуросони Разавӣ дар дидор бо 17 сафири кишварҳои хориҷӣ, ки ба шаҳри Машҳад (шимоли шарқи Эрон) сафар кардаанд, гуфт: “Дар чиҳил соле, ки мизбони бародарони афғон будем, ҳазинаҳои моддӣ ва маънавии бисёре пардохт карда ва мекунем, зеро бештари ин паноҳндагон ниёз ба омӯзиш, беҳдошт ва пӯшок доштанд”.

Разм Ҳусайнӣ афзуд: "Ҳудуди 320 ҳазор табааи афғонистонӣ дар устони Хуросони Разавӣ зиндагӣ мекунанд, ки 20 ҳазор нафари онҳо муҳоҷири ғайриқонунӣ ҳастанд. Афзун бар ин, рӯзона 1500 нафар бо вуҷуди тадобири мо дар марзҳо ба сурати ғайриқонунӣ аз Афғонистон вориди хоки Эрон мешаванд ва аз хадамоти давлати Эрон истифода мекунанд”.

Устондори Хуросони Разавӣ ба 200 миллиард доллар ёронаи пардохтии давлат барои колоҳо ва хадамоти мухталиф дар кишвар ишора кард ва гуфт, беш аз 3 миллион табааи афғон дар Эрон аз ин ёрона истифода мекунанд.

Вай кумакҳои байналмилалӣ ба кишвари Эронро кофӣ надонист ва таъкид кард, кишварҳои аврупоӣ бояд саҳми худро дар нигаҳдорӣ ва пазироии Эрон аз паноҳандагони афғон афзоиш диҳанд.

Разм Ҳусайнӣ хитоб ба сафирони кишварҳои аврупои гуфт: “Агар як нафар бихоҳад дар Аврупо паноҳандагӣ бигирад, чӣ қадар кишварҳои шумо сахтгирӣ мекунанд? Аммо ҳудуди чиҳил сол аст, ки Эрон аз ин атбоъ пазироӣ мекунад. Пас лозим аст кишварҳои аврупоӣ бидонанд, кишвари мо дар шароити таҳрим чӣ кумакҳое ба атбоъ ироа медиҳад”.

Устондори Хуросони Разавӣ афзуд: “Агар кишварҳои шумо Эронро таҳрим мекунанд, дастикам дар кумакрасониҳои худ беш аз 3 миллион шаҳрванди афғонистонии ҳозир дар Эронро дар назар бигиранд”.

Раиси дафтари Комиссариёи олии паноҳандагони Созмони Милал ба ҳамроҳи сафирони 17 кишвар, ҳамчун Швейтсария, Белгия, Полша ва кордорҳову намояндагони сиёсии сафоратхонаҳои Австрия, Шветсия, Чехия, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Англия ва Австралия дар ду рӯзи ахир дар сафар ба устони Хуросони Разавӣ, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, аз наздик аз муассисот, иқоматгоҳҳо , мадорис ва ҳавзаҳои муртабит бо паноҳандагони хориҷӣ дар ин устон боздид ва шароити ононро арзёбӣ карданд .

Хуросони Разавӣ пазирои 320 ҳазор табаа ва паноҳҷӯи афғонистонӣ аст, ки 95 дарсади онон дар шаҳри Машҳад - маркази ин устон иқомат доранд.

 

 

 

Барчасп