Баргузории ҳамоиши илмии баррасии нақши Чобаҳор дар тавсеаи Афғонистон
(last modified Thu, 11 Jul 2019 13:25:54 GMT )
Июл 11, 2019 18:25 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши илмии баррасии нақши Чобаҳор дар тавсеаи Афғонистон

Муовини дуввуми раисиҷумҳури Афғонистон дар ин ҳамоиш гуфт, бандари Чобаҳор арзонтарин ва наздиктарин роҳ барои интиқоли колоҳои афғон аз тариқи обҳои азод аст.

Ҳамоиши илмии баррасии нақши Чобаҳор дар тавсеаи Афғонистон бо ҳузури масъулони аршади давлат ва иқтисоддонони ин кишвар дар Донишгоҳи Кобул баргузор шуд.

Сарвар Дониш, муовини дуввуми раисиҷумҳури Афғонистон дар ин ҳамоиш гуфт, бандари Чобаҳор арзонтарин ва наздиктарин роҳ барои интиқоли колоҳои афғон аз тариқи обҳои азод аст. Вай бо қадрдонӣ аз мавозеи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳинд дар тавсеаи бандари Чобаҳор афзуд, равобити Афғонистон бо ин ду кишвар ҳасана ва рӯ ба густариш аст.

Абдултавоб Болокарзай, вазири таҳсилоти олии Афғонистон ҳам дар ин ҳамоиши илмӣ гуфт, бандари Чобаҳор Афғонистонро ба шоҳроҳи стратегӣ табдил кардааст.

Муовини молӣ ва идории вазорати ҳамлу нақли Афғонистон низ дар ин ҳамоиш гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳаргиз аз ҳамлу нақл ва транзит ба унвони василае барои эъмоли фишор дар сиёсати хориҷии худ истифода намекунад. Имом Муҳаммад Варимоч гуфт, таҷрибаи муваффақ ва сиёсати хуби иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки масоили сиёсиро ҷудо аз мавзуоти иқтисодӣ медонад, боис шудааст, ки Афғонистон аз бандари Чобаҳор бештар истифода кунад. Вай афзуд, бандари Чобаҳор дар минтақа рақибоне монанди бандари Гвадар дорад, аммо истифода аз бандари Чобаҳор барои Афғонистон бо таваҷҷуҳ ба сиёсатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳаммияти бештаре дорад.

Мувофиқатномаи тавсеаи бандари Чобаҳор дар соли 1395 ба имзои раисони ҷумҳурии Эрон ва Афғонистон ва нахуствазири Ҳинд расид.