Июл 12, 2019 16:34 Asia/Dushanbe
  •  Боздошти дарёнаварди ( капитани ) эронӣ дар Ҷабал Алториқ

пулиси давлати маҳали Ҷабал Алториқ дарёнавард ва афсари аршади киштии ҳомили нафти Эронро,ки ҳафтаи гузашта тавқиф шудааст,дастгир кард.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, як сухангӯи пулиси салтанатии Ҷабал Алториқ гузориш дод,ки  пулис дарёнаварди абарнафткаши  Грис-1 ва афсари аршади онро,ки гуфта мешавад ҳар ду табаъаи Ҳинд ҳастанд,рӯзи панҷшанбе ба гумони нақзи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо дастгир кардааст.

Ин ду нафар бозҷӯӣ шуда аммо ҳануз ба таври расмӣ мутаҳам нашудаанд ва санадҳо ва дастгоҳои электроникии мавҷуд дар нафткаш ҳам мусодира шудааст.

Минтақаи Ҷабал Алториқ таҳти ҳокимияти Британия қарор дорад.

Нерӯи дарёии Британия аз панҷшанбеи ҳафтаи гузашта нафткаши Грис-1 ро,ки нафти хоми Эрон буда тавқиф кардааст.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, Вазири хориҷаи Эрон,иқдоми давлати Британия дар тавқифи нафткаши ҳомили нафти ин кишвар ро дуздии дарёӣ унвон кард.

Барчасп