Июл 12, 2019 18:06 Asia/Dushanbe
  • Нобуд кардани   қароргоҳи терраристҳо дар марзҳои Курдистони Ироқ бо Эрон

Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоъияе аз гулулаборони мақарҳои терраристҳо дар ҳошияи марзҳои иқлими Курдистони Ироқ бо Эрон ва ҳалокат ва захмӣ шудани шуморе аз онҳо хабар дод.

Равобити умумии нерӯи заминии Сипоҳ имрӯз ҷумъа эълом кард; дар паи иқдоми терраристии гурӯҳакҳои зидди Инқилоб ва таҳти ҳимояти истикбори ҷаҳонӣ дар минтақаҳое аз ғарб ва шимоли ғарби Эрон ва талош барои барҳам задани амнияти устонҳои Озарбойҷони ғарбӣ ва Курдистон,нерӯи заминии Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ аз рӯзи чоршанбе ( 10 Июл ) маҳалҳои истиқрори фаъол ва маҳали истиқрор ва омӯзиши гурӯҳакҳои терраристии зидди инқилоб дар ин минтақаҳоро ҳадаф қарор дод.

Дар ин иттилоъия омадааст; Эрон борҳо ба  иқлими Курдистони Ироқ дар бораи истифодаи гурӯҳакҳои терраристӣ аз минтақаҳои ҳошияи марзҳои Эрон барои эъзоми тимҳои терраристӣ ва анҷоми иқдомҳои терраристӣ ва зидди амниятӣ ҳушдор дода буд.

Нерӯи амниятии Сипоҳ афзудааст; воҳидҳои мушакӣ, паҳподӣ ва тупхонаии нерӯи заминии Сипоҳ, бо ашррофи иттилоотӣ аз маҳалҳои истиқрори терраристҳои муздур, марказҳои фаъоли ин терраристҳо ро ҳадаф қарор дод,ки мароҳили ин амалиёт тасвирбардорӣ ва мустанадсозӣ шудааст.

 Нерӯи заминии Сипоҳ бо таъкид бар ин,ки амнияти миллӣ, ҳифзи оромиш ва осоиши миллати Эрон хатти сурхи нерӯҳои мусалаҳ бавижа нерӯи заминии Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ аст, эълом кард; иқлими Курдистони Ироқ набояд иҷоза диҳад ин минтақа ба пойгоҳ ва маҳали омӯзиш, тарбият ва созмондиҳии терраристҳо барои иртикоби ҷиноятҳои терраристӣ ва ба хатар андохтани амнияти Эрон табдил шавад.

Барчасп