Июл 14, 2019 13:12 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳеҷ музокирае бо Амрико надорад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон ҳеҷ гуна музокирае бо мақомоти Амрико дар ҳеҷ сатҳе надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, саидАббоси Мусавӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар посух ба пурсиши хабарнигорон, иддаои ирсоли паёми Амрико ба русҳо барои музокира бо Эрон дар сатҳи вазирони умури хориҷаро такзиб кард.

Дар рӯзҳои гузашта бархе шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз эҳтимоли гуфтугӯи Эрон ва Амрико бо миёнҷигарии Русия хабар додаанд.

Дар ҳамин ҳол ҳайати намояндагии Амрико дар нишасти Шурои ҳуккоми Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар Вена чаҳорашнбе 10 июл бо судури баёнияе эълом кард, Вашингтон омодаи музокира бидуни пеш шарт бо Теҳрон аст.

Барчасп