Июл 16, 2019 16:52 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Коҳиши тааҳҳудоти Эрон дар БарҶОМ қатъан идома дорад

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо интиқод аз рафтори талабкоронаи аврупоиҳо ва амал накардани онҳо ба тааҳҳудоти барҷомиа‎шон таъкид карданд: “Мо тоза коҳиши тааҳҳудотро шурӯъ кардаем ва ин фароянд ба таври қатъӣ идома хоҳад ёфт”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз дар дидори имомони ҷумъаи саросари Эрон бо таъкид бар ин ки тавфиқоти миллат ва низоми ҷумҳурии исломӣ дар муқобили чашмони ҳасратзадаи ғарбиҳо рӯз ба рӯз бештар хоҳад шуд, афзуданд, худбузургбинӣ мӯҷиб мешавад, ғарбиҳо натавонанд ҳақоиқро дарк кунанд, албатта, ин такаббур дар муқобили миллату кишварҳои заиф барои онон муваффақият ба ҳамроҳ меоварад, аммо дар муқобили миллатҳое, ки намеҳаросанд ва аз ҳаққи худ дифоъ мекунанд, ғарбиҳоро дучори шикаст мекунад.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба суханони сареҳи вазири умури хориҷии Эрон дар бораи 11 тааҳҳуди барҷомии аврупоиҳо дар муқобили Эрон ва амал накардани онҳо ҳатто ба як тааҳҳуд гуфтанд: “Мо ба тааҳҳудоти худ дар БарҶОМ ва ҳатто болотар аз он амал кардаем ва ҳоло ки ба иллати рафтори онҳо шурӯъ ба коҳиши иҷро кардани тааҳҳудотамон кардаем, аврупоиҳо талабкорона ва бо пуррӯӣ мегӯянд, чаро ин корро мекунед”. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: “Шумо, аврупоиҳо, ки ҳеҷ як аз тааҳҳудоти худро иҷро накардаед, ба чӣ ҳаққе аз мо мехоҳед, ки ба тааҳҳудоти худ пойбанд бошем?”. Эшон ҳамчунин бо интиқод аз дуздии баҳрии англисҳо гуфтанд: “Онҳо, ки хабосаташон барои ҳама ошкор аст, киштии моро бо роҳзании баҳрӣ рубудаанд, аммо саъй мекунанд, ба он шакли қонунӣ бидиҳанд; албатта, аносири муъмин дар ҷумҳури исломӣ ин корҳоро беҷавоб намегузоранд ва дар фурсату ҷойи муносиб посух хоҳанд дод”.

Эшон тавонмандиҳои ифтихорофарини дифоии Ҷумҳурии Исломии Эронро натиҷаи фишорҳо ва дил буридан аз бегонагон дар даврони дифои муқаддас хонданд ва афзуданд, ҳаракати кунунӣ низ ба баракати такя бар худ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ ба натоиҷи муҳиме хоҳад расид.

 

Барчасп