Июл 18, 2019 16:27 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Ҳинд бар тадовуми равобит бо Эрон

Вазири тиҷорат ва саноати Ҳинд бар тадовуми равобити кишвараш бо Эрон таъкид кард.

Ба гузориши шабакаи Ал Олам, Ҳордип Синг Пури дар парлумони Ҳинд таъкид кард, равобити Деҳлии Нав бо Эрон таҳт таъсири равобити кишварҳои дигар қарор нахоҳад гирифт.

Субраҳмонём Ҷайшанкар, вазири хориҷаи Ҳинд низ ахиран дар ҷамъи хабарнигорон дар посух ба ин савол, ки оё давлати Амрико, Ҳиндро барои қатъи равобити тиҷорӣ бо Эрон таҳти фишор қарор додааст таъкид карда буд, равобити Эрон ва Ҳинд ҳеҷ гоҳ таҳти таъсири «як кишвари солис» қарор нахоҳад гирифт.

Вазири хориҷаи Ҳинд афзуд, Деҳлии Нав тиҷорат бо Эронро мутаваққиф нахоҳад кард.

Амрико баъд аз хурӯҷ аз БарҶом корзори ҳамаҷониба барои эъмоли фишор алайҳи Эрон бароҳ андохтааст.

Трамп пас аз хурӯҷ аз БарҶом, кишварҳо ва ширкатҳои хориҷиро таҳдид кардааст, агар бо Эрон ҳамкорӣ кунанд бо таҳримҳои шадид рӯбарӯ хоҳанд шуд.

 

Барчасп