Июл 18, 2019 20:15 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Русия ва Фаронса бар зарурати ҳимоят аз БарҶом

Раисони ҷумҳури Русия ва Фаронса, БарҶомро як тавофуқи муҳим барои ҳифзи амнияти Ховари Миёна, хонда ва бар зарурати ҳифзи он таъкид карданд.

Ба гузориши Русия Ал Явм, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва ҳамтои фаронсавии вай Эммануэл Макрон рӯзи панҷшнба дар як гуфтугӯи телефонӣ бо якдигар дар хусуси масоили муртабит бо БарҶом таъкид карданд, ки ин тавофуқ нақши муҳимме дар амнияти минтақаи Ховари Миёна дорад ва бояд барои ҳифзи он талош шавад.

Бар асоси баёнияе, ки дафтари расонаии Кохи Кремл дар хусуси мӯҳтавои гуфтугӯи телефонӣ байни раисони ҷумҳури Русия ва Фаронса мунташир карда, ду тараф дар бораи таҳаввулоте, ки пас аз хурӯҷи Амрико аз БарҶом рух додааст ва ҳамчунин роҳкорҳои ҳаллу фасли масоил муртабит бо БарҶом баҳсу табодули назар кардаанд. Путин ва Макрон ҳар ду таъкид доштаанд, ки БарҶом як омили муҳим дар тазмини амнияти Ховари Миёна ва ҳифзи режими манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ маҳсуб мешавад ва ба ҳамин далел ҳамаи кишварҳои зинафъ бояд талош худро барои ҳифз БарҶом бештар кунанд.

 

Барчасп