Июл 20, 2019 18:16 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Ҳузури Амрико дар ҳар минтақае боиси бесуботӣ мешавад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Амрико бо ҳузур дар ғарби Осиё, Амрикои Ҷанубӣ ва Амрикои Лотин боиси ноамнии ин манотиқ шудааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар замони вуруд ба Каракас, пойтахти Венесуэла дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, амрикоиҳо дар ҳар минтақае, ки ҳузур ёфтанд, боиси фишор ба мардум ва эҷоди терроризм дар он минтақа шуданд.

Зариф ҳамчунин бо таъкид бар лузуми муқовимати мардуми Венесуэла дар баробари фишорҳои мудохилаҷӯёнаи Амрико гуфт, муқовимати мардуми Венесуэла барои ояндаи ин кишвар бисёр аҳамият дорад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хорҷаи Эрон асри ҷумъа, пас аз 6 рӯз Ню-Йоркро барои ширкат дар иҷлоси Ҷунбиши Ғайримутааҳидҳо ба мақсади Венесуэла тарк кард ва рӯзи шанбе вориди Каракас, пойтахти ин кишвар шуд.

Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон дар нишасти вазирони умури хориҷаи Ҷунбиши Ғайримутааҳидҳо дар Каракас ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.

Зариф пас аз Венесуэла, озими Никарагуа ва Боливия мешавад ва охирин таҳаввулоти равобити дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодиро бо мақомоти ин кишварҳо баррасӣ хоҳад кард.

 

Барчасп