Июл 28, 2019 09:37 Asia/Dushanbe
  • Ҷавонони волейболисти Эрон қаҳрамони ҷаҳон шуданд

Дастаи волейболи ҷавонони Эрон бо пирӯзӣ муқобили Италия барои нахустин бор қаҳрамони ҷаҳон шуд.

 Ба гузориши Садои Хуросон  дастаи волейболи зери 21 соли Эрон шанбешаб дар финали рақобатҳои ҷаҳонӣ ба масофи Италия рафт ва ин дастаро бо натиҷаи се бар ду шикаст дод.

Даврҳои нахуст ва чаҳоруми ин бозӣ ба суди Италия рақам хурд, аммо сарвқоматони ҷавони Эрон муваффақ шуданд дар даврҳои дувум, севум ва панҷум баробари Италия ба пирӯзӣ бирасанд, то саҳифаи наве дар таърихи волейболи Эрон боз шавад.

 Ҷавонони Эрон дар ҳоле ба масофи Италия рафтанд, ки дар марҳалаи ниманиҳоӣ тавониста буданд дастаи қудратманд ва соҳибномb Бразилияро шикаст диҳанд ва барои нахустин бор дар таърих ба дидори марҳилаи ниҳоии ин рақобатҳо роҳ пайдо кунанд.

 Дар дидори радабандӣ ҳам Бразилия бо натиҷаи 3 бар сифр аз садди Русия гузашт ва ба мақоми севум даст пайдо кард.

 Бистумин давраи рақобатҳои волейболи қаҳрамонии зери 21 соли ҷаҳон, 18 июл дар Манома оғоз шуд ва рӯзи шанбе ба поён расид.