Июл 29, 2019 14:40 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ; Эрон мунтазири иқдомҳои амалии Аврупо дар ҳифзи БАРҶОМ аст

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт; Ҷумҳурии исломӣ мунтазири иқдомҳои амалии аврупоиҳо дар ҳифзи БАРҶОМ аст.

Аббоси Мусавӣ сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ,бо баёни ин,ки Эрон наметавонад рӯи таъаҳудоти шафоҳӣ ва баёнияҳои сиёсии Аврупо ҳисоб кунад афзуд; талошҳои дипламатӣ барои ҳифзи БАРҶОМ идома дорад аммо агар аврупоиҳо таъаҳудоти худ дар ин тавофуқро иҷроӣ накунанд,Эрон гоми севвумро муҳкамтар бар медорад.

Мусавӣ дар идомаи   иқдоми  Қуваи қазоияи Бразилия дар сухт расонӣ ба ду киштии Эрониро иқдоми масулона донист ва тасриҳ кард; кишварҳои дигар ҳам бояд  ёд бигиранд ва дар баробари қулдуриҳои ғайри қонунии Амрико биистанд.

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора тағийри рӯйкарди Иморот дар ҳамла ба Яман гуфт; коҳиши низомиёни иморотӣ дар Яман гоми мусбат аст ва метавонад ба субот ва амнияти минтақа ва коҳиши танишҳои минтақаӣ аз ҷумла Яман мунҷар шавад.

Мусавӣ дар бораи изҳороти мақомоти Саудӣ барои гуфтугу бо Эрон низ гуфт; Эрон борҳо ҳали масоили байни кишварҳои исломӣ бе пешшартро хостор шудааст ва аз ҳар иқдоме,ки муҷиби наздикии кишварҳои Исломӣ шавад, истиқбол мекунад.

Сухангуи дастгоҳи дипламатии Эрон таъкид кард; масолеҳи кишварҳои исломӣ эҷоб мекунад,ки ихтилофоти худро канор бигузоранд зеро ин иқдом муҷиб мешавад,ки режимҳои номашруъ аз ин вазъият суистифода накунанд.

Мусавӣ дар бораи вазъияти шайх Иброҳим Закзокӣ, раҳбари ҷунбиши исломии Нигерия низ гуфт ; шайх Закзокӣ шахсияти барҷастаи илмӣ ва мазҳабӣ ва дорои ҷойгоҳи хос дар байни мусалмонон аст ва Эрон тамоми талоши худро барои озодии вай ба кор гирифтааст.

Барчасп