Зариф ҷавоби Трампро твиттерӣ дод
Вазири умури хориҷаи Эрон дар твити наваш дар посух ба иддаои ахири Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико навишт, ки эрониён чандин ҳазора аст, ки ҳамаи мутаҷовизҳоро пушти сар гузоштаанд.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Трамп дар твити бомдоди сешанбеи худаш навишта буд: Ба ёд дошта бошед, Эрон ҳеҷ гоҳ дар ҳеҷ ҷанге баранда нашуда ва ҳаргиз ҳам дар музокирае набохтааст.
Муҳаммаҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар посух ба иддаои Доналд Трамп навишт: Чандин ҳазора аст, ки эрониҳо ҳама мутаҷовизҳоро пушти сар гузоштаанд, аммо Амрико дар масири рақам задани бузургтарин шикасти худаш аз замони ҷанги Ветнам, дар минтақаи мо 7 триллион доллар ҳазина ва рӯдхонаҳое аз хун ҷорӣ кардааст.
Ӯ дар идома бо мухотаб қарор додани Трамп навишт: Таърихи ҷаълии тими В, аташи онҳо барои ҷангҳои ҳамешагиро канор бигзор!
Манзури Зариф аз тими В, Джон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико, Бенямин Нетаняҳу вазири режими саҳюнистӣ, Бин Салмон валиаҳди Арабистони Саудӣ ва Бин Зоид, валиаҳди Иморот аст.