Июл 31, 2019 14:01 Asia/Dushanbe
  • Ташреҳи интизороти Эрон аз Аврупо дар тамоси Рӯҳонӣ ва Макрон

Раисҷумҳури Эрон дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои фаронсавиаш бо ишора ба ин, ки Аврупо фурсати зиёдеро барои амал ба тааҳҳудот ва ҳамкорӣ бо Эрон аз даст дода, таъкид кард: Оддисозии равобити нафтӣ ва бонкӣ, гоми аввали тааҳҳудоти мавриди назари Эрон аз Аврупост.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ сешанбешаб дар тамоси телефонӣ бо Эммануэл Макрон бо баёни ин, ки терроризми иқтисодии Амрико зиддиинсонӣ дар заминаи таъмини нерӯҳо ва колоҳои асосии мардуми Эрон будааст гуфт:

Пойбандии комил ба тааҳҳудоти БарҶом аз сӯи Эрон дар шароите, ки тарафи муқобил ба ҳадди ақалли тааҳҳудоти худ амал намекунад, барои миллати Эрон пазируфтанӣ нест.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: Эрон пас аз хурӯҷи Амрико аз БарҶом на танҳо шоҳиди иқдоми ҷиддӣ аз сӯи Аврупо дар ин замина набудааст, балки бархе аз ширкатҳои аврупоӣ низ дар пайравӣ аз таҳрими якҷонибаи Амрико аз Эрон хориҷ шудаанд.

Рӯҳонӣ бар он, ки Амрико аз иқдомоти хасмонаи худ алайҳи Эрон ҳеҷ суде намебарад ва идомаи ин раванд, шароитибох-бохт барои ҳамагон яксон аст, таъкиди хос кард.

Барчасп