Вуруди раиси ҷумҳури Эрон ба Табриз
Раиси ҷумҳури Эрон ба манзури баҳрабардории чанд тарҳи зербиноӣ ва иқтисодӣ вориди Табриз шуд.
Ба нақл аз ИРНО, Ҳасани Руҳонӣ дар бадви вуруд ба фурудгоҳи Табриз аз сӯи намояндаи валии фақиҳ дар Озарбойҷони шарқӣ ва имоми ҷумъаи Табриз,раиси вилоят ва дигар масъулони баландпояи устонӣ мавриди истиқбол қарор гирифт.
Баҳрабардорӣ ва обгирии садди Ҳоҷилорчӣ дар шаҳристони Варазқон баҳрабардорӣ аз се тарҳи амалиётишудаи полоишгоҳи Табриз, ифтитоҳи чанд тарҳ ва прожаи умронӣ ва хадамотӣ дар вилоят аз тариқи видео-конфронс ва ҳузур дар ҷаласаи Шурои идории вилояти Озарбойҷони шарқӣ аз ҷумла барномаҳои раиси ҷумҳур дар сафари имрӯзи худ ба Озарбойҷони шарқӣ аст.
Ин севвумин сафари устонии раиси давлат ба Озарбойҷони шарқӣ дар 6 соли ахир аст.
Руҳонӣ охирин бор моҳи майи соли гузашта ба манзури ширкат дар маросими ифтитоҳи расмии руйдоди Табриз-2018 ба ин вилоят сафар карда буд.