Август 03, 2019 17:00 Asia/Dushanbe
  • 9 кишвари ҳамсоя - муштарии бензини Эрон

Раиси комиссияи энержии Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Теҳрон гуфт, аз 15 кишвари ҳамсоя 9 кишвар ба далели кайфияти боло ва қимати рақобатӣ, моил ба хариди бензин аз Эрон ҳастанд.

Ризо Падидор, раиси комиссияи энержии Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Теҳрон бо баёни ин ки нахустин маҳмулаи бензин дар бурси энержии Эрон ба мақсади Афғонистон ва дувумин маҳмула ба мақсади минтақаи Курдистони Ироқ содир мешавад, афзуд, мақсадҳои баъдии бензини содиротии Эрон - Покистон ва Арманистон хоҳад буд.

Падидор ҳамчунин бо ишора ба тамоюли Туркия, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арбили Ироқ барои воридоти сӯхти дизелӣ аз Эрон таъкид кард, яке аз кишварҳои ҷанубии ҳошияи халиҷи Форс низ муштарии солярка ва нафти кура (мазут)-и Эрон аст.

Се ҳазор тон бензини содиротии Эрон рӯзи чаҳоршанбе (31 июл) бо қимати пояи 581 доллар барои ҳар тон дар майдони содиротии бурси энержии Эрон муомила шуд.

 

Барчасп