Судури нахустин бензини тавлидшуда дар полоишгоҳи “Ситораи халиҷи Форс”-и Эрон
(last modified Sat, 03 Aug 2019 12:46:06 GMT )
Август 03, 2019 17:46 Asia/Dushanbe
  • Судури нахустин бензини тавлидшуда дар полоишгоҳи “Ситораи халиҷи Форс”-и Эрон

Нахустин бензини тавлидшуда дар полоишгоҳи “Ситораи халиҷи Форс”-и Эрон содир шуд.

Ба гузориши ИРНА, мудири ширкати нафти “Ситораи халиҷи Форс” гуфт, бензини тавлидии ин полоишгоҳ дорои чунон кайфияте аст, ки ба унвони нахустин маҳмулаи содиротии эронӣ ба кишварҳои ҳамсоя интихоб ва вориди муомилоти байналмилалии бурс шуд.

Муҳаммадалии Додвар дар ташреҳи ҷузъиёт ва зовияҳои ирсоли нахустин маҳмулаи бензини содиротии кишвар афзуд: “Беш аз як қарн аз кашфи нафт дар Эрон мегузарад ва бисёр хурсандем, ки нахустин содироти бензин ба унвони иттифоқе таърихӣ аз полоишгоҳи “Ситораи халиҷи Форс” оғоз шуд”.

Вай фурӯши нахустин маҳмулаи содиротии бензини Эронро муваффақиятомез унвон кард ва гуфт, ин маҳмула 20 доллар ба ивази ҳар бушка гаронтар аз нархи нашрияи “Платс” ба фурӯш рафт, ки нишондиҳандаи амалкарди саҳеҳ дар вуруд ба бозорҳои ҷаҳонӣ аст.

Мудири ширкати нафти “Ситораи халиҷи Форс” дар бораи иллати оғози содироти бензин аз ин полоишгоҳ изҳордошт, бо таваҷҷуҳ ба ин ки ниёзи дохил таъмин шуда ва бозорҳои Эрон барои хариди бензин бениёз аст, бо тасмими Содиқободӣ, муовини вазир ва мудири ширкати миллии полоиш ва пахши фаровардаҳои нафтӣ, содироти ин фаровардаи стратегӣ ва вуруди он ба муомилоти содиротиро пайгирӣ кардем.

Мудири ширкати нафти “Ситораи халиҷи Форс” ёдовар шуд, бензини “евро 5” –и “Ситораи халиҷи Форс” аз назари зистмуҳитӣ аз стандарти “евро-5” –и ҷаҳонӣ поктар аст. Зеро бензини “евро- 5” бояд зери як дарсад бошад ва дар ин полоишгоҳ дар маҳдудаи 0.5 то 0.7 дарсад аст.

Вай баён дошт, ҳамчунин ароматик дар шароити стандарт бояд 35 бошад, аммо дар ҳоли ҳозир дар бензини тавлидии полоишгоҳи “Ситораи халиҷи Форс” байни 29.5 то 31.5 аст.