Август 07, 2019 13:49 Asia/Dushanbe
  • Рунамоӣ аз дастовардҳои нави низомӣ дар Эрон

Дар ростои тақвияти қудрати боздорангии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аз се датсоварди нав рунамоӣ шуд.

Бомбҳои пешрафтаи ҳушманди ҳидоятшавандаи Ёсин, Болобон ва бомбҳои ҳушманди ептикии насли нави нуқтазани Қоим сохтаи мутахассисони Эрон, се дастоварди наве аст, ки рӯзи сешанбе бо ҳузури вазири дифои Эрон аз онҳо рунамоӣ шуд.

Таслиҳоти ҳушманди ҳавопоя яке аз рукнҳои аслии қудрати ҳавоӣ аст. Имрӯза бо тавсеаи сомонаҳои навини парвозӣ ва электроникӣ бисёре аз муҳосиботи марбут ба партобаҳои ҳавоӣ тавассути кампютерҳо ба манзури коҳиши хатои инсонӣ анҷом мешавад. Бар ин асос аз вижагии ошкори бомбҳои ҳидоятшаванда, қобилияти амлиётии онҳо дар шароити обу ҳавоии мухталиф ва тамоми тули шабона рӯз аст. Бомбҳои муҷаҳҳаз ба системи ҳидоятшаванда аз онҷое, ки иттилооти ҳадаф аз қабл бар руи онҳо боргузорӣ шуда ниёзе ба шароити матлуби обу ҳавоӣ ва дид нахоҳанд дошт.

Навтарин дастовардҳои ин ҳавза, ки акнун дар қолиби се бомби ҳавопояи ҳушманд, расман вориди чархаи амалиётии нерӯҳои мусаллаҳ шудааст; нишон аз тавонмандии рӯзафзӯни мутахассисони санъати дифоии Эрон дорад. Ин дастовардҳо дар размоишҳои тахассусӣ, мароҳили озмуни худро бо муваффақият тай кардааст.

Бомби ҳушманди Қоим қобилияти насб бар руи анвои паҳподҳо, болгардҳо ва ҳатто ҷангандаҳоро дорад.

Бомби ҳушмнади ҳидоятшавандаи Ёсин низ қодир аст аз фосилаи беш аз 50 километрӣ раҳо шуда ва ба самти ҳадаф ҳидоят ва онро мавриди асобат қарор диҳад.

Имкони насб бар руи ҳавопаймоҳои сарнишиндор ва бидуни сарнишин, афзоиши амният ва эминии сомона ва қобилияти анҷоми амалиёт дар бурди кутоҳ ва баланд аз муҳимтарин вижагиҳои бомби Ёсин аст.

Бомби ҳушманди Болобон низ, ки номи он баргирифта аз гунаи бузурге аз парандаи шоҳин аст, аз системҳои ҳидоятшаванда бархурдор аст.

Амир сартиб Амири Ҳотамӣ вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар маросими рунамоӣ аз ин бомбҳои пешрафта гуфт, имрӯз ҳифз ва афзоиши қудрати дифоӣ ба унвони яке аз муаллифаҳои иқтидорофарин дар низоми байналмиллал бисёр дорои аҳамият аст ва Эрон низ лаҳзае аз ин муҳим ғафлат нахоҳад кард.

Ҷак Страв вазири умури хориҷаи пешини Британия дар китобе, ки ахиран ба чоп расонда зимни таъкид бар бенатиҷа будани сиёсатҳои Трамп алайҳи Эрон навиштааст, ки таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ба натиҷа нахоҳад расид.

Ҷак Страв бахши муқаддамаи китобашро бо ин ҷумла оғоз мекунад, Эрон бузургтар аз он аст ва мавқеияташ роҳбурдитар аз он ки дар берун аз марзҳояш ҳам тавассути сиёсатгузорон ва ҳам умуми ҷомеа мавриди сӯитаъбир воқеъ шавад. Ҷамъияти 80 миллиониаш ба маротиб аз Англия болотар аст ва бо Олмон баробарӣ мекунад соҳиби манобеи азими гидрокарбон аст, иқтисодаш бо онки солҳо бар асари таҳримҳо ақиб нигоҳ дошта шуда ба тарзи шигифтоваре муқовим аст ва то ҳадде ба хотири таҳримҳо дар бисёре ҳавзаҳо худкафо шудааст.

Дар ин воқеият тардиде нест, ки Эрон бо иқтидор муқобили фишорҳо ва таҳдидҳои душманон истодааст. Яке аз шохисҳои муҳими ин истодагӣ дар ҳавзаҳои низомӣ ва қудрати дифоӣ ва боздорандагӣ аст; аммо иқтидори дифоии Эрон ба маънои мутаҷовиз ва ё таҳдид будан дар минтақа нест. Суханони дирӯзи Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон дар Вазорати умури хориҷа ин воқеиятро ба равшанӣ баён мекунад.

Раиси ҷумҳури Эрон гуфт, сулҳ бо Эрон модари ҳамаи сулҳост, ҷанг бо Эрон ҳам модари ҳамаи ҷангҳост. Шумо агар амният мехоҳед ва сарбозони шумо дар минтақа амният мехоҳанд, амният дар баробари амният хоҳад буд. Шумо наметавонед моро хадшадор кунед ва интизори амният барои худ дошта бошед. Ҳамонтавр, ки сулҳ дар баробари сулҳ аст ва нафт ҳам дар баробари нафт.

Эрон дар хусуси амнияти худ таоруф надорад ва қудрати боздорандагии худро мутаносиб бо таҳдидҳо афзоиш додааст. Қатъан агар таҳдиде мутаваҷҷеҳи Эрон шавад мутаҷовиз ва ҳомиёни ин тавоҷуз посухи сахте дарёфт хоҳанд кард.