Август 08, 2019 10:20 Asia/Dushanbe
  • Амири Пурдастон: нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ғофилгир нахоҳанд шуд

Раиси Маркази мутолиоти роҳбурдии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, тамоми таҳдидҳои минтақаӣ ва фароминтаақаӣ тавассути коршиносони иттилоотии Эрон расад ва контрол мешавад.

Ба нақл аз ИРНО, амир сартип Аҳмадризо Пурдастон чаҳоршанбешаб дар маросиме бо баёни инки шоҳиди фурупошии Амрико хоҳем буд тасреҳ кард, фарҳанги муқовимат бо убур аз марзҳои Эрон, кишварҳои минтақаро таҳтушуоъи худ қарор дода ва Амрико низ дар мавзеи заиф қарор гирифтаааст.

Раиси Маркази мутолиоти роҳбурдии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд, нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон аз истеҳком, қувват ва қудрати болое бархурдор ҳастанд ва бо тадбири раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ парчами ислом базудӣ дар саросари ҷаҳон ба эҳтизоз дармеояд.

Амири Дастонпур бо баёни ин ки амрикоиҳо аз густариши фарҳанги инқилоби исломӣ ва муқовимат ҳарос доранд, хотирнишон кард, Амрико барои пешгирӣ аз шаклгирӣ ва тавсеаи фарҳанги муқовимат, ҳодисаи 11 сентябри 2001-ро бо ҳамроҳии 30 кишвар, 180 ҳазор нерӯ ва чанд сад  ҳавопаймо ва болгард тарроҳӣ кард.

Вай бо ишора ба инки Амрико соли 2001 барои ҳамла ба Афғонистон ва Ироқ ба минтақа наёмада буд, балки қасди аслии он ҳамла ба Эрон буд, таъкид кард, истодагӣ ва муқовимати миллати Эрон муҷиб шуд, то бо вуҷуди ҳаммарз будани Эрон бо нерӯҳои амрикоӣ дар марзҳои Ироқ, Афғонистон, халиҷи Форс ва баҳри Уммон онон ночор ба ақибнишинӣ шаванд.