Охирин лаҳазоти як хабарнигор
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i45750-Охирин_лаҳазоти_як_хабарнигор
8-уми август дар тақвими Эрон ба ёди шаҳид Маҳмуди Соримӣ хабарнигори хабаргузории ИРНО, ки дар Мазори Шарифи Афғонистон ба дасти гуруҳи Толибон ба шаҳодат расид рӯзи хабарнигор ном гирифтааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 08, 2019 12:35 Asia/Dushanbe
  • Охирин лаҳазоти як хабарнигор

8-уми август дар тақвими Эрон ба ёди шаҳид Маҳмуди Соримӣ хабарнигори хабаргузории ИРНО, ки дар Мазори Шарифи Афғонистон ба дасти гуруҳи Толибон ба шаҳодат расид рӯзи хабарнигор ном гирифтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, гуруҳи террористии Толибон ҳабдаҳуми мурдоди 1377 баробар бо 8-уми августи 1998 контроли шаҳри Мазори Шарифро ба даст гирифт. Террористҳои такфирӣ вориди сарконсулгарии Эрон шуданд ва Маҳмуди Соримиро ба ҳамроҳи ҳашт депломати эронӣ ба шаҳодат расонданд. Маҳмуди Соримӣ чанд лаҳза қабл аз шаҳодат муваффақ шуд ин хабари кутоҳро ба ИРНО мухобира кунад, ман Маҳмуди Соримӣ хабарнигори ИРНО ҳастам. Мазори Шариф ба дасти Толибон суқут кард....

Ин ҷумалот охирин каламоте буд, ки бар забони Соримӣ равон шуд, вале қатъан охирин тасовири зеҳнии вай набудааст. Тасовири зеҳнии як журналист ба вижа дар лаҳзаҳои поёнии зиндагӣ он ҳам дар майдони мухотира ва ҳангоми анҷоми вазифа омезае аз арзишҳои ҳирфаӣ, эътиқодот, ҳаяҷоноти бархоста аз хатар ва албатта эҳсосоти шахсӣ аст, ки ба ҳеҷ руе дар як тасвир намегунҷад.

Соримӣ фурсат наёфт ва натавонист ҳеҷяк аз ин тасовирро мухобира кунад. Соримӣ агар фурсат дошт метавонист тасовир ва гузоришҳои такондиҳанде аз суқути шаҳри Мазори Шариф, муқовимати мардум, ҳарос, фирор ва заҷҷаи кудакони бепаноҳро мухобира кунад. Ӯ ҳатман метавонист бахше аз ғайрат, шуҷоат ва фидокории мудофеони шаҳрро барои мухотабоне, ки дар саҳнаи набард набуданд гузориш кунад.

Соримӣ фурсат наёфт ҳатто дар зеҳни худ бо фарзандаш видоъ кунад, шояд фақат тасвире аз ӯро барои охиринбор дар аъмоқи вуҷудаш аз назар гузаронид фақат дар чанд сония ҳатто камтар!

Видоъ бо фарзанд ва хонавода камтарин хостаи ҳар шахсе дар лаҳзаҳои поёнии зиндагӣ аст вале Соримӣ инро ҳам надошт!

Соримӣ пар кашид ва рафт, аммо на монанди парвона, ҳамчун уқобе тезпарвоз бо руҳе устувор ва қомате истода!

Ин лаҳзаҳое аст, ки Соримӣ сипарӣ кард. Адои эҳтиром ба Соримӣ адои эҳтиром ба ҳамаи арзишҳои волои ҳирфаи хабарнигорӣ аст.