Сентябр 22, 2016 10:58 Asia/Dushanbe
  • Футсоли Эрон, Бразилияи қаҳрамони панҷ давраии ҷаҳонро ҳазф кард

Тими миллии футсоли Эрон бо шикасти Бразилия, қаҳрамони панҷ давраи қаблии Ҷоми ҷаҳонӣ, ба марҳалаи як чаҳоруми ниҳоии рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии Колумбия роҳ ёфт.

Ба гузориши ИРНА, Бразилия, ки сарварии қаҳрамони 5 давраии футсоли ҷаҳонро дар ихтиёр дошт, рӯзи чаҳоршанбе дар марҳалаи як ҳаштуми ниҳоӣ, дар зарботи пинолтӣ мағлуби Эрон шуд.

Ду тим дар вақти қонунӣ ба тасовии 3 бар 3 расида буданд ва дар вақти изофӣ низ ҳар як аз ду тим бо ба самар расондани як гол дар ниҳоят ба зарботи пинолтӣ расиданд.

Дар зарботи пинолтӣ, Эрон бо натиҷаи 3 бар 2 ба пирӯзӣ расид, то дар маҷмӯъ 7 бар 6 аз сади қаҳрамони ҷаҳон бигузарад ва ба як чаҳоруми  ниҳоӣ бирасад.

Тими миллии футсоли Эрон дар марҳалаи як чаҳоруми ниҳоӣ бо тим миллии футсоли Парагвай бозӣ хоҳад кард.