Август 11, 2019 17:06 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҳинд ва Покистон барои ҷилавгирӣ аз ноамнӣ дар Кашмир хештандорӣ кунанд

Раисҷумҳури Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо нахустваризи Покистон таъкид кард: Эрон аз Ҳинд ва Покистон мехоҳад, то бо ҳифзи хештандорӣ, аз ноамнӣ ва кушта шудани мардуми бегуноҳ дар Кашмир ҷилавгирӣ кунанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз якшанбе дар тамоси телефонии Умрон Хон, нахуствазири Покистон бо вай, амнияти минтақа, бавижа қораи Ҳиндро барои Эрон ҷоизи аҳамият донист ва афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳеҷ талоше дар ростои пойдории сулҳ ва амният дар минтақа ва эҳқоқи ҳуқуқи миллатҳои мусалмон дареғ нахоҳад кард.

Раисҷумҳури  Эрон бо баёни ин, ки Эрон ва Покистон ҳамвора ду кишвари дӯст, ҳамсоя ва бародари якдигар буда ва хоҳанд монд, тасреҳ кард:

Эрон ҳамвора дар ростои ҷилавгирӣ аз таниш ва нооромӣ дар минтақа талош кардааст ва мардуми мусалмони Кашмир низ бояд аз манофеи ҳуқуқи қонунии худ истифода карда ва битавонанд бо оромиш зиндагӣ кунанд.

 

Барчасп