Паёми табрики Рӯҳонӣ ба сарони кишварҳои исломӣ ба муносибати иди Қурбон
(last modified Mon, 12 Aug 2019 11:47:57 GMT )
Август 12, 2019 16:47 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики Рӯҳонӣ ба сарони кишварҳои исломӣ ба муносибати иди Қурбон

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон якшанбешаб дар паёмҳои ҷудогонае ба сарони кишварҳои исломӣ, иди саиди Қурбонро табрик гуфт.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин паёмҳо, зимни табрики иди саиди Қурбон - иди пирӯзӣ дар анҷоми вазифа ва адои фармони Ҳақ, ибрози умедворӣ кард, раҳбарони кишварҳои исломӣ бо ваҳдати ҳар чӣ бештар битавонанд бо якҷонибагароӣ ва султагарии сарони султа ва терроризм дар ҷаҳон муқобила ва роҳро барои густариши беш аз пеши сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон ва таҳкими адолат ва бародарӣ дар миёни уммати исломӣ ҳамвор кунанд.

Бисёре аз кишварҳои исломӣ рӯзи якшанберо ба унвони иди саиди Қурбон гиромӣ доштанд ва дар бархе дигар аз кишварҳо, аз ҷумла Эрон имрӯз (душанбе) иди Қурбон аст.

Иди саиди Қурбон ё иди Азҳо аз идҳои бузурги мусалмонон аст.