Зариф: Амрико ғарби Осиёро ба анбори борут табдил кардааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i45845-Зариф_Амрико_ғарби_Осиёро_ба_анбори_борут_табдил_кардааст
Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки Амрико дар соли 2018 панҷоҳ миллиард доллар таслиҳот ба кишварҳои арабии минтақа фурӯхт, таъкид кард, Амрико ва муттаҳидонаш бо фурӯши силоҳ ба бархе режимҳои минтақа, ғарби Осиёро ба анбори борути омодаи инфиҷор табдил кардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 12, 2019 14:55 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрико ғарби Осиёро ба анбори борут табдил кардааст

Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки Амрико дар соли 2018 панҷоҳ миллиард доллар таслиҳот ба кишварҳои арабии минтақа фурӯхт, таъкид кард, Амрико ва муттаҳидонаш бо фурӯши силоҳ ба бархе режимҳои минтақа, ғарби Осиёро ба анбори борути омодаи инфиҷор табдил кардаанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи “Алҷазира”-и англисӣ, ташкили эътилофи дарёӣ дар халиҷи Форсро иқдоме душманона алайҳи Эрон донист ва гуфт, ин иқдом амнияти халиҷи Форсро коҳиш медиҳад.

Зариф афзуд, беҳтарин иқдоме, ки Амрико барои муҳофизат аз киштиронӣ метавонад анҷом диҳад, ин аст, ки бақияро ба ҳоли худ раҳо кунад ва мудохила накунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки халиҷи Форс фазои маҳдуде дорад, изҳор дошт, ҳар қадр, ки ҳузури киштиҳои хориҷӣ дар ин минтақа афзоиш ёбад, амнияти ҳамаи кишварҳо дар он камтар хоҳад шуд.

Амрико дар моҳҳои ахир бо ҳадафи ташдиди фишор бар Эрон, ҳузури низомии худро дар минтақаи халиҷи Форс афзоиш додааст ва бо ҳамроҳии муттаҳидонаш, аз ҷумла Англия иқдомоти таҳрикомез анҷом медиҳад.

Амрикоиҳо эълом кардаанд, ба дунболи ташкили як эътилофи низомӣ дар халиҷи Форс ҳастанд.