Август 16, 2019 18:42 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ: Эрон барои озодии нафткаши “Грейс -1” ҳеҷ тааҳҳуде надодааст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон барои озодии нафткаши “Грейс -1” ҳеҷ тааҳҳуде надодааст.

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа бо баёни ин ки Эрон ҳеҷ тааҳҳуде мабнӣ бар нарафтани нафткаши “Грейс -1” ба Сурия надодааст, афзуд, Эрон аз Сурия дар ҳамаи ҳавзаҳо, аз ҷумла нафту энержӣ ҳимоят мекунад.

Мусавӣ бо таъкид бар идомаи фурӯши нафти Эрон ба муштариёни қадимӣ ва ҷадид гуфт, ин кор қонунӣ аст ва ба ҳеҷ кишвари савуме рабт надорад.

Нафткаши эронии “Грейс -1” чаҳоруми июл, ба баҳонаи беасоси нақзи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо зидди Сурия, тавассути Нерӯи дарёии Англия дар тангаи Ҷабалутториқ тавқиф шуд.

Дар ҳоле, ки Англия муддаӣ шуда буд, тавқифи ин киштӣ бо ҳадафи мамониат аз нақзи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо зидди Сурия анҷом гирифтааст, аммо давлати Испания, ки бар сари ҳокимият бар обҳои атрофи Ҷабалутториқ бо Лондон ихтилоф дорад, дар баёнияе эълом кард, Англия ин иқдомро ба дархости Амрико анҷом додааст.

Дирӯз, панҷшанбе додгоҳи олии Ҷабалутториқ бо беэътиноӣ ба фишорҳо ва дархости расмии Амрико барои тамдиди тавқифи нафткаши “Грейс -1”, ҳукми озодии онро содир кард.