Август 17, 2019 19:27 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти муштараки сеҷониба барои ҳалли буҳрони Яман дар Теҳрон

Нишасти муштараки сеҷониба бо ҳузури ҳайате аз Вазорати умури хориҷаи Эрон, ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ва сафирону раисони намояндагиҳои чаҳор кишвари зирабти Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати ҳаллу фасли сиёсии буҳрони Яман дар Теҳрон баргузор шуд.

Ҳайатҳои ҳозир дар нишасти Теҳрон дидгоҳи давлатҳои худро дар хусуси таҳаввулоти Яман, аз ҷумла дар мавзӯоти сиёсӣ, майдонӣ ва вазъияти инсонии Яман ба шакли машруҳ баён ва аз идомаи вазъияти буҳронии Яман, ки ба кушта ва маҷруҳ шудани даҳҳо ҳазор яманӣ ва вайронии зерсохтҳои ин кишвар мунтаҳӣ шудааст, амиқан ибрози таассуф карданд.

Дар поёни нишасти муштараки сеҷонибаи Теҳрон, ҳайатҳои ширкаткунанда бар лузуми таваққуфи ҳар чӣ зудтари ҷанг ва ироаи роҳкори сиёсӣ барои ҳалли буҳрони Яман таъкид карданд ва суръат додан дар ирсоли кумакҳои инсонӣ ба ин кишварро хостор шуданд.

Ҳамчунин ҳайатҳои ширкаткунанда бар лузуми иҷрои комили тавофуқҳои Стокҳолм ва анҷоми тааҳҳудҳои комили ҳамаи тарафҳои даргир таъкид карданд ва онро муқаддимае бар ҳаллу фасли ниҳоии сиёсии буҳрони Яман донистанд.

Ҳайате аз ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ба раёсати Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯи ин ҷунбиш барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон ба сар мебарад.

 

Барчасп