Август 19, 2019 16:16 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ: Музокироти барҷомии Эрон ва Аврупо ба натиҷа нарасидааст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба раванди музокироти ҷумҳурии исломӣ бо аврупоиҳо дар бораи БарҶом гуфт, музокирот ва ройзаниҳо дар хусуси тааҳҳудоти Аврупо дар БарҶом то ин лаҳза ба натиҷа нарасидааст.

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ, бо баёни ин ки гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти Эрон дар БарҶом дар ҳоли тарроҳӣ аст, афзуд, замони каме то поёни фурсати 60 -рӯзаи Эрон ба Аврупо дар гоми дувум вуҷуд дорад ва дар поёни ин муҳлат, ҷумҳурии исломӣ гоми севумро бармедорад.

Мусавӣ ҳамчунин бо баёни ин ки озодии нафткаши эронӣ бо сарнавишти нафткаши англисӣ, ки ба далели тахаллуф тавассути Эрон тавқиф шудааст, иртиботе надорад, гуфт, барои озодии нафткаши мутахаллифи англисӣ бояд мунтазири ҳукми мароҷеи қазоии Эрон буд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба баргузории нишасти сеҷонибаи Эрон, ҳайати Ансоруллоҳи Яман ва чаҳор кишвари аврупоӣ дар Теҳрон, дар бораи буҳрони Яман низ гуфт: “Гуфтугӯҳои хуб, ошкор, самарбахш ва муфиде дар Теҳрон анҷом шуд ва умедворем тарафи мутаҷовиз ба Яман низ ба роҳкори сиёсӣ бовар дошта бошад”.

Сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон ба музокироти сулҳи Афғонистон низ ишора кард ва гуфт, Эрон ҳамеша аз барқарории сулҳу субот дар минтақа ҳимоят мекунад ва муътақид аст, ки тамоми ин гуфтугӯҳо бояд дар чорчӯб ва бо ҳузури давлати марказӣ ва қонунии Афғонистон бошад.

Мусавӣ ҳамчунин дар бораи хабари “Рейтерс” дар хусуси радду бадал шудани паём байни Эрон ва Амрико дар мавзӯи Афғонистон афзуд, Эрон қасде надорад дар бораи Афғонистон бо Амрико гуфтугӯ кунад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, давлатҳои севуми фароминтақавӣ ба дунболи оромиш дар минтақа нестанд.

 

Барчасп