Август 21, 2019 11:42 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Эрон аз тавсиаи равобити иқтисодӣ бо Кореяи Шимолӣ

Ноиби раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар дидор бо ноиби раиси Маҷмаи олии халқи Кореяи Шимолӣ гуфт: Теҳрон аз тавсиаи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Пхенян истиқбол мекунад.

Масъуди Пизишкиён, ноиби раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар дидори Пак Чул Мин, ноиби раиси Маҷмаи олии халқи Кореяи Шимолӣ дар Теҳрон, сармоягузориҳои муштарак дар бахши иқтисодӣ ва тиҷории ду кишварро ҷоизи аҳамият донист ва гуфт: 

Муҳимтарин абзори Амрико алайҳи Эрон ва Кореяи Шимолӣ истифода аз таҳримҳои ҳамаҷониба, бавижа иқтисодӣ аст, вале то кунун натавонистааст дар иродаи ду кишвар халале ворид кунад.

Пизишкиён афзуд: Теҳрон ва Пхенян душмани муштараке доранд ва лозим аст бо тавсиаи равобити дуҷониба, таҳримҳо ва фишорҳои мавҷуд хунсо шавад.