Эрон барои дифоъ аз худ ба касе вобаста нест
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Эрон паҳподи пешрафтаи ҷосусии амрикоиро бо силоҳи комилаи бумӣ соқит кард ва ин мавзӯъ нишон дод Эрон барои дифоъ аз худ ба касе вобаста нест.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар ҷамъи эрониёни муқими Осло пойтахти Норвегия ба хариди миллиардҳо доллар таслиҳоти низомӣ аз сӯи Арабистон ва Аморот ишора ва тасреҳ кард, Эрон иҷоза нахоҳад дод заррае аз обу хоки ин кишвар дар ихтиёри дигарон қарор гирад. Вазири умури хориҷаи Эрон бо интиқод аз сиёсатҳои дугонаи Ғарб ва Амирко дар баробари Эрон афзуд, онҳо аз як тараф Эронро дар мавзӯъҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва тавони дифоӣ таҳти фишор ва таҳрим қарор додаанд ва аз сӯи дигар иддаои музокира карда ва бо таҳримҳо ҳуқуқи миллати Эронро тазиъ мекунанд. Зариф ба нақзи тавофуқи байналмиллалии ҳастаӣ (БАРҶОМ) аз сӯи Амрико ҳам ишора кард ва гуфт, амрикоиҳо аз БАРҶОМ канор кашиданд ва бо таҳрим терроризми иқтисодиро зидди миллати Эрон эъмол карданд. Раиси дастгоҳи депломасии Эрон аз кишвраҳои аврупоӣ ҳам ба иллати бархурди дугона бо созукори вижаи молии Аврупо ва Эрон (Инсеткс) интиқод кард ва афзуд, ширкатҳои аврупоиҳо барои барқарории иртиботи тиҷорӣ бо Эрон бояд аз Вазорати хазонадории Амрико иҷоза бигиранд, ки ин мавзӯъ дар ниҳоят ба зарари аврупоиҳо хоҳад шуд. Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин ба муборизаи Эрон бо терроризм дар минтақа ишора кард ва гуфт, барои Эрон дар мубориза бо терроризм, шиа, суннӣ, араб, курд, форс ва ғайра фарқе надорад ва Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳамаи миллатҳои минтақа дар ин мавзӯъ кумак кардааст.