Август 23, 2019 19:37 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ҷумҳурии исломии Эрон бо муқовимат ба азамат расид

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо таъкид ба ин, ки мардуми Эрон бо фишорҳои иқтисодии душман даст аз инқилоби худ барнамедоранд гуфт, ки акнун душманон ба истиқомати миллати Эрон пай бурдаанд.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ бо ишора ба рӯнамоӣ аз сомонаи падофандии Бовар -373 тавассути нерӯҳои мусаллаҳи Эрон изҳор кард: Миллати бузурги Эрон дорои иқтидори илмӣ ва низомӣ дар тамоми фунун аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон тасреҳ кард, ки дар ин чил сол Ҷумҳурии исломии Эрон сулҳталабии худро ба дунё собит кард, аммо Амрико хӯи ҷинояткоронаи худро ба ҷаҳониён собит кардаанд.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ хитоб ба раисҷумҳури Амрико гуфт: Трамп, ту худат аблаҳ ҳастӣ! Аблаҳии худатро нишон додӣ! Аммо Ҷумҳурии исломии Эрон ва миллати Эрон шуҷоъ ҳастанд. Имом ва Раҳбарӣ ин шуҷоатро дар ҷавонон ва миллати Эрон бо пайравӣ аз Аҳли Байт (а) табйин кардаанд.

 

Барчасп