Эрон бунёди амрикоии дифоъ аз демокрасиҳоро таҳрим кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i46155-Эрон_бунёди_амрикоии_дифоъ_аз_демокрасиҳоро_таҳрим_кард
Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон шанбешаб бунёди амрикоии дифоъ аз демокрасиҳо ва мудирашро ба далели мушорикат дар терроризми иқтисодии давлати Амрико алайҳи миллати Эрон таҳрим кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 25, 2019 05:27 Asia/Dushanbe
  • Эрон бунёди амрикоии дифоъ аз демокрасиҳоро таҳрим кард

Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон шанбешаб бунёди амрикоии дифоъ аз демокрасиҳо ва мудирашро ба далели мушорикат дар терроризми иқтисодии давлати Амрико алайҳи миллати Эрон таҳрим кард.

Ба нақл аз ИРНО, Вазорати хориҷаи ҷумҳурии  исломии Эрон дар баёнияе эълом кард, лобиии зидди эронии мавсум "бунёди дифоъ аз демокрасиҳо" (FDD) ва мудираш Марк Добавитз огоҳона ва омидона аз тариқи иқдомоте аз қабили тавлид ва интишори дуруғ, ташвиқ, машварат, лобигарӣ ва корзори таблиғотии манфӣ ба наҳве муассир дар тарроҳӣ, иҷроӣ ва ташдиди асароти терроризми иқтисодӣ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон мушорикат доштаанд.

Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон мушорикат доштаанд.

Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни инки лобии зидди эронии мавсум "бунёди дифоъ аз демокрасиҳо" ва мудираш ба шакле ҷиддӣ ва фаол дар ҷиҳати осиб ворид кардан ба амният ва манофеи ҳаётии мардуми Эрон талош мекунанд тасреҳ кардааст дар иҷрои таколифи муқаррар дар табсараи як моддаи 4 ва табсараи як моддаи 5 аз қонуни муқобила бо нақзи ҳуқуқи башар ва иқдомоти моҷароҷӯёна ва террористии Амрико дар минтақа ин бунёд ва Марк Добавитз мудири онро дар рӯйхатти таҳримии мавзӯи ин қонун қарор додааст.

Амрико баъд аз хуруҷ аз БАРҶОМ корзории ҳамаҷониба барои фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико сешанбе 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳудоти Вашингтон зейли БАРҶОМ кишварашро аз ин тавофуқи байналмиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмиллалӣ ру ба ру шудааст.