Август 27, 2019 17:00 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз ҷадидтарин мушаки сохти Эрон дар намоишгоҳи ҳавофазои Русия

Ҷадидтарин мушаки сохти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо номи "Мубин" дар Намоишгоҳи ҳавофазои “Макс-2019”-и Русия рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, мушаки "Мубин" бо бурди 450 километр 670 кило вазн дорад ва метавонад то сақфи 45 ҳазор пой парвоз кунад.

Намоишгоҳи байналмилалии ҳавофазои “Макс-2019”-и Русия бо ҳузури Эрон ва 16 кишвари дигар дар Русия аз имрӯз дар шаҳри Жуковский, шарқи Маскав оғоз ба кор кард. Дар ин намоишгоҳ, ки то якуми декабр барпост, беш аз 340 ширкат аз кишварҳои мухталиф ҳузур доранд ва охирин дастовардҳои ҳавофазоии худро ба намоиш хоҳанд гузошт.

Дар намоишгоҳи имсол ҳайати эронӣ ба раёсати генерал Абдулкарим Байнуттарафӣ, муовини вазири дифоъ ва раиси Созмони саноати ҳаво ва фазои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳузур дорад. Ба гуфтаи раиси Созмони саноати ҳаво ва фазои Эрон, дар ғурфаи Эрон як намунаи ҳавоипаймои “Ҷет”-и омӯзишӣ, чанд намунаи ҳавопаймои бидуни сарнишини наздикпарвозу дурпарвоз ва чанд намунаи муҳаррики ҳавопаймо арза шудааст.

 

Барчасп