Август 30, 2019 16:39 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон; Амрико дар садри давлатҳои терорристии ҷаҳон қарор дорад

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо таъкид бар ин,ки Амрико дар садри давлатҳои терорристии ҷаҳон қарор дорад, хотирнишон кард; бо вуҷуди эътирофи мақомоти Амрико ва эҷоди гурӯҳҳои терорристӣ дар минтақа, шармовар аст,ки онҳо иддаъои мубориза бо терорризм доранд.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба солрӯзи шаҳодати раиси  ҷумҳурӣ ва нахуствазири вақти Эрон дар соли 1981 ва рӯзи миллии мубориза бо терорризм,гуфт; Эрон қурбонии терорризм аст.

 Имрӯз ҷумъа 30 август 2019 солрӯзи шаҳодати Муҳаммад Алии Раҷоӣ раиси ҷумҳур ва Муҳаммад Ҷавод Боҳунар нахуствазири вақти Эрон ба ҳамроҳи гурӯҳе аз аъзои ҳайати давлат дар соли 1981 тавассути гурӯҳаки терорристии мунофиқин ва рӯзи миллии мубориза бо терорризм дар Эрон аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд; давлати Амрико дар ҳоле нерӯҳои  Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ансорӯллоҳи Яман, Ҳашд Алшаъбои Ироқро тероррист медонад,ки ин нерӯҳо дар хати муқадами мубориза бо терорризм дар минтақа қарор доранд.

Оятуллоҳ Хотамӣ ҳамчунин бо ишора ба таҷовузи ахири режими Саҳюнистӣ ба Лубнон хотирнишон кард; ин ҳамла баёнгари хуи таҷовузгарӣ режими Саҳюнистӣ аст,ки бояд бо он муқобила шавад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ибрози нороҳатӣ аз вазъи мусалмонони Кашмир, таъкид кард ; аз давлати Ҳинд интизор меравад сиёсати мантиқӣ дар баробари мардуми мусалмони Ҳинд дар пеш бигирад ва ба мусалмонони ин минтақа зур нагуед.

Барчасп