Тавофуқоти ҷомеи Эрон ва Русия дар бораи амнияти халиҷи Форс ва густариши муносиботи тиҷорӣ
(last modified 2019-09-03T09:42:37+00:00 )
Сентябр 03, 2019 14:42 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқоти ҷомеи Эрон ва Русия дар бораи амнияти халиҷи Форс ва густариши муносиботи тиҷорӣ

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи душанбе дар конфронси хабарии муштарак бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар Маскав, аз тавофуқоти ҷомеъ байни ду кишвар хабар дод.

Лавров бо ишора ба ройзаниҳояш бо Зариф дар бораи мавзӯоти зиёде, ки дар дастури кори Эрон ва Русия қарор дорад, гуфт: “Мо барои тазмини эминӣ ва амнияти минтақаи халиҷи Форс, ки акнун бо масоиле печида рӯ ба рӯст, тавофуқ кардем”.

Лавров таъкид кард, Эрон ва Русия бар ин боваранд, ки ба нафъи тамоми кишварҳои зинафъ дар минтақа аст, ки амнияти ин нуқта аз ҷаҳон таъмин шавад. Вай афзуд: “Дар ин замина ибтикори амалҳое аз сӯи Эрон ва Русия дар хусуси ин масъала вуҷуд дорад, ки шаффоф ва мушаххас ҳастанд ва мо манофеи тамоми тарафҳое, ки дахил ҳастандро дар назар мегирем”.

Ду тараф бо таъкид бар ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои мухталифи сиёсӣ, амниятӣ ва мубориза бо терроризм, дар заминаи ҳамкориҳои тиҷорӣ низ тасреҳ карданд, ки ба талошҳои худ барои тавсеа ва осонсозии роҳҳои тиҷорат бо Теҳрон идома диҳанд.

Дар хусуси БарҶом низ ду тараф бар тааҳҳуди худ ба ин тавофуқ, ки ба тасвиби Шӯрои амнияти Созмони Милал расидааст, таъкид карданд.

Тавофуқоти Эрон ва Русия, ки дарбаргирандаи мавзӯоти зиёде аст, нишон медиҳад, ду кишвар дар бисёре аз масоил дарки муштараке доранд. Изҳороти Муҳаммадҷаводи Зариф дар поёни музокироташ бо Лавров низ, ки ҳузури Амрико дар халиҷи Форсро боиси афзоиши таниш дар ин минтақа донист, баёнгари наздик будани дидгоҳҳои Эрон ва Русия дар ин замина, ба вижа амният дар минтақаи халиҷи Форс аст.

Алиризо Нурӣ, устоди донишгоҳ ва таҳлилгари масоили байналмилал дидгоҳҳои муштарак байни Эрон ва Русия дар мавриди амниятро дар чорчӯби ҳамкории роҳбурдӣ дар бахши амнияти минтақаӣ дорои аҳамият медонад.

Ин ҳамкориҳо қатъан барои ҳифзи субот дар минтақаи ғарби Осиё аз аҳамияти вижае бархурдор аст. Аммо авомили дигаре низ дар суръат бахшидан ба ин ҳамкорӣ муассир будааст, ки ба бархе аз онҳо, аз ҷумла мавзӯи БарҶом дар конфронси хабарии муштараки Зариф ва Лавров ишора шудааст.

Зариф дар нишасти хабариаш дар Маскав бо баёни ин ки иқдомоти Амрико дар тӯли як соли гузашта дар ҷиҳати эҷоди вақфа дар идомаи кори ин тавофуқи байналмилалӣ будааст, хотирнишон кард, Эрон бо илм ба ин сиёсати Амрико, то кунун бо мудоро ва сабри стратегӣ бархурд кардааст, аммо мутаассифона Иттиҳоди Аврупо ва бақияи аъзои ҷомеаи байналмилал ин тавонро надоштаанд, ки дар баробари фишорҳои Амрико истодагӣ кунанд.

Вазири хориҷаи Эрон бо баёни ин ки ҳуқуқи мушаххасе дар БарҶом дар бандҳои 26 ва 36 –и БарҶом пешбинӣ шудааст, таъкид кард, агар аврупоиҳо натавонанд тааҳҳудоташон дар БарҶомро иҷро кунанд, гоми севуми Эрон иҷро хоҳад шуд.

Таъкиди Эрон бар амалӣ кардани гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомӣ дар шароите аст, ки дар як соли гузашта коршиканиҳои Амрико дар иҷрои БарҶом ва ҳамсӯии бархе кишварҳои аврупоӣ бо таҳримҳои Амрико ба манофеи иқтисодии Эрон ва бисёре аз кишварҳои тарафи тиҷорӣ бо Эрон осеб задааст.

Дар чунин вазъияте роҳи муқобила бо сиёсатҳои мухарриби Амрико судури баёния нест, зеро ин ҷараён ниёзманди иқдоми амалӣ аз сӯи ҳамаи кишварҳое аст, ки мухолиф бо таҳрим ва якҷонибагароии Амрико ҳастанд.

Дар арсаи мавзӯоти амниятӣ низ таҷрибаи солҳои ахир нишон додааст, ки ҳузури Амрико дар минтақа ва лашкаркашии Иёлоти Муттаҳида ба Афғонистон, таҳмили ҷанг ва терроризм бар Ироқ, Сурия ва Яман аз муҳимтарин илали ноамнӣ дар минтақа аст. Барои муқобила бо ин ноамниҳо тақвияти ҳамкориҳои роҳбурдии минтақаӣ амре зарурӣ аст. Дар воқеъ мудохилот ва иқдомоти якҷониба ва танишсози Амрико дар минтақа ангезаи бештаре барои тақвияти ҳамкориҳои роҳбурдӣ эҷод кардааст. Ин ҳамкориҳо қатъан ба суди сулҳу амнияти ҷамъӣ дар минтақа аст. Тавофуқоти ҷомеъ байни Эрон ва Русияро низ мебоист дар ин чорчӯб арзёбӣ кард.