Доғи фироқ ҷони модари донишманди эронии асир дар Амрикоро гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i46436-Доғи_фироқ_ҷони_модари_донишманди_эронии_асир_дар_Амрикоро_гирифт
Модари Масъуди Сулаймонӣ, донишманди эроние, ки аз 11 моҳи пеш дар банди зиндонҳои Амрикост, дурии фарзандашро тоб наовард ва дар андуҳу фироқи ӯ ҷони худро аз даст дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 03, 2019 12:33 Asia/Dushanbe
  • Доғи фироқ ҷони модари донишманди эронии асир дар Амрикоро гирифт

Модари Масъуди Сулаймонӣ, донишманди эроние, ки аз 11 моҳи пеш дар банди зиндонҳои Амрикост, дурии фарзандашро тоб наовард ва дар андуҳу фироқи ӯ ҷони худро аз даст дод.

Бону Маъсумаи Ҷавонӣ, ки пас аз шунидани хабари боздошти фарзандаш аз сӯйи маъмурони амниятии режими Амрико аз 7 моҳи қабл сактаи мағзӣ карда ва ба кома рафта буд, имрӯз дар синни 63-солагӣ ҷони худро аз даст дод. Дӯрӣ аз фарзанд ва нигаронӣ аз вазъияти доктор Сулаймонӣ аз далоили фавти он марҳума эълом шудааст.

Масъуди Сулаймонӣ устоди Донишгоҳи тарбияти мударриси Теҳрон ва яке аз донишмандони барҷастаи Эрон дар ҳавзаи селлулҳои бунёдӣ аз ҳудуди 11 моҳи қабл ба далоили воҳӣ дар зиндонҳои Амрико ба сар мебарад. Сулаймонӣ ба унвони устоди донишгоҳ ва пажуҳишгари селлулҳои бунёдӣ барои истифода аз фурсати мутолиотӣ озими Амрико шуд ва бо вуҷуди ҳамоҳангиҳои анҷомшуда ва гирифтани раводид ба далоили номаълум дар фурудгоҳи Чикаго боздошт ва сипас ба зиндони «Атланта” дар иёлати Ҷорҷия мунтақил шуд. Ниҳодҳои илмӣ, донишгоҳӣ ва ҳуқуқбашарӣ дар ин муддат бо маҳкум кардани ин иқдоми Амрико озодии ин донишманди эрониро хостор шудаанд.

Доктор Масъуди Сулаймонӣ ҷавонтарин муҳаққиқи Осиё дар соли 2017, ҷузъи 100 донишманди бартари ҷаҳон ва соли гузашта ҳам ба унвони пажуҳишгари намуна баргузида шуд.