Сарлашкар Боқирӣ: Ҷабҳаи муқовимат дар ҷиҳати тазъифи режими саҳюнистӣ дар ҳоли пешрафт аст
(last modified 2019-09-04T16:09:06+00:00 )
Сентябр 04, 2019 21:09 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Боқирӣ: Ҷабҳаи муқовимат дар ҷиҳати тазъифи режими саҳюнистӣ дар ҳоли пешрафт аст

Раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ҷабҳаи муқовимат дар вазъияти минтақаӣ, рӯз ба рӯз дар ҷиҳати тазъифи қудрати режими саҳюнистӣ дар ҳоли пешрафт аст.

Сардори сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар маросиме бо ишора ба пирӯзиҳои меҳвари муқовимат дар Сурия, Ироқ ва Яман гуфт, яманиҳо имрӯз ба нуқтае расидаанд, ки ба сурати худкифо аз худашон дифоъ мекунанд ва тавоноии аз байн бурдани тамоми ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини барӯзи дунёро доранд.

Сарлашкар Боқирӣ бо баёни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷузви амнтарин кишварҳои ҷаҳон аст, гуфт, ин ки душманон тавони таҳоҷум ва иқдом алайҳи амнияти Эронро надоранд, натиҷаи талошҳо ва муҷоҳидатҳои шабонарӯзии фарзандони миллати Эрон аст.

Раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳамчунин бо ишора ба соқит кардани ПАҲПОД-и ҷосусии Амрико дар фазои сарзаминии Эрон гуфт, артиши Амрико бо баррасии тавони низомӣ ва нуфузи минтақаии Эрон ба ин натиҷа расида, ки тавони посух ба ин иқдомро надорад.

ПАҲПОД-и ҷосусии “Глобал Ҳоук” –и Амрико 20 –уми июн, пас аз таҷовуз ба ҳарими сарзаминии Ҷумҳурии Исломии Эрон тавассути нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳадаф қарор гирифт ва мунҳадим шуд.