Иҷрои гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон аз имрӯз
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i46505-Иҷрои_гоми_севуми_коҳиши_тааҳҳудоти_барҷомии_Эрон_аз_имрӯз
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбешаб дар номае ба Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, иҷрои гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эронро эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 06, 2019 12:39 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон аз имрӯз

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбешаб дар номае ба Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, иҷрои гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эронро эълом кард.

Ба гузориши ИРНА, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар хусуси ҷузъиёти ин нома гуфт, Зариф дар ин нома зимни эъломи таваққуфи тамоми тааҳҳудоти Эрон дар БарҶом дар ҳавзаи таҳқиқ ва тавсеа гуфтааст, ки Теҳрон ҷузъиёти фаннии ин иқдомро ба зудӣ ба иттилои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ хоҳад расонд.

Сайид Аббоси Мусавӣ афзуд, дар ин нома таъкид шудааст, ин иқдоми Эрон бар асоси ҳуқуқи Теҳрон дар БарҶом, ба вижа бар мабнои банди 36 –и ин тавофуқи байналмилалӣ будааст ва дар посух ба нақзи густурда ва мустамари БарҶом дар 16 моҳи гузашта сурат мегирад.

Дар поёни номаи Зариф таъкид шудааст, Эрон ба манзури нишон додани ҳусни нияти худ, омодагӣ дорад ба гуфтугӯ бо тарафҳои боқимонда дар БарҶом дар тамоми сатҳҳо идома диҳад ва дар сурати амали тарафҳои муқобил ба ҳамаи тааҳҳудоти худ дар БарҶом, дубора ба иҷрои комили БарҶом баргашт кунад.

Олмон, Британия ва Фаронса баъд аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БарҶом (8 майи 2018) ваъда доданд, бо тазмини манофеи иқтисодии Эрон, ин тавофуқро ҳифз кунанд. Ин кишварҳо бо вуҷуди истодагиҳои лафзӣ ва сиёсӣ дар баробари иқдоми Амрико то кунун муваффақияте дар иқдомоти амалии ваъдадодашуда барои ҳифзи ин тавофуқ касб накардаанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон 8 майи 2019, як сол пас аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва пас аз исботи нокоромадии роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо барои ҷуброни табаоти иқтисодии хуруҷи Амрико аз БарҶом эълом кард, бахше аз тааҳҳудоти барҷомии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36 –и ин тавофуқ ба таъхир меандозанд. Эрон то кунун дар 2 гом аз тааҳҳудоти худ коста ва бар асоси эъломи Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз (ҷумъа) севумин гомро бармедорад.

Бар асоси бандҳои 26 ва 36 –и БарҶом, дар сурати пойбанд набудани тарафи муқобил ба тааҳҳудоташ, Эрон ҳақ дорад иҷрои тааҳҳудоти худро ба шакли куллӣ ё ҷузъӣ мутаваққиф кунад.