Сентябр 13, 2019 19:02 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон якшанбе ба Туркия сафар мекунад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон барои ширкат дар иҷлоси сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва Туркия рӯзи якшанбе (15 сентябр) ба Анкара сафар мекунад.

Парвизи Исмоилӣ, муовини иртиботот ва иттилоърасонии Дафтари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа гуфт: Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба даъвати расмии Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси Ҷумҳурии Туркия барои ҳузур ва суханронӣ дар панҷумин даври иҷлосии сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва Туркия, ки рӯзи душанбе ва дар идомаи ройзаниҳои се кишвари зомини раванди Остона барои ҳалли бӯҳрони Сурия баргузор мешавад, ба Анкара сафар мекунад.

Исмоилӣ афзуд: Илова бар музокироти руасои Ҷумҳурии исломии Эрон, Русия ва Туркия дар ин иҷлос тарафайн барои идома ва тавсиаи ҳамкории сеҷониба дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ ва ҳамчунин иртибототи минтақавӣ гуфтугӯ мекунанд.

 

Барчасп