Сентябр 15, 2019 09:42 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии муқтадиронаи волейболистҳои эронӣ муқобили Қатар

Дастаи миллии волейболи Эрон дар дувумин рӯз аз мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, дастаи Қатарро бо натиҷаи се бар сифр шикаст дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ,волейболистҳои эронӣ рӯзи шанбе дар дувумин мусобиқаи худ дар рақобатҳои қаҳрамонии мардони Осиё-2019 дар Теҳрон ба масофи тим(даста)и Қатар рафтанд ва муваффақ шуданд се нимаи ин бозиро ба тартиб бо имтиёзоти 25 бар 15, 25 бар 17 ва 25 бар 23 ба суди худ поён диҳанд.

 Дастаи миллии волейболи Эрон бо пирӯзӣ дар ин бозӣ ва бо роҳёбӣ ба ҷамъи ҳашт тими бартари мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, роҳхати ҳузур дар рақобатҳои интихобии олимпии 2020- Токиоро ҳам ба даст овард.

 Волейболистҳои эронӣ рӯзи  ҷумъа  дар нахустин мусобиқаи худ, дар се нимаи пайдарпай муқобили Шри-Ланка ба пирӯзӣ расиданд.

Тими миллии Эрон имрӯз якшанбе дар севумин дидори худ дар ин рақобатҳо ба масофи Австралия хоҳад рафт.

 Бистумин давраи рақобатҳои волейболи қаҳрамонии Осиё аз 13 то 21 сентябр дар Теҳрон баргузор мешавад.