Сарлашкар Сафавӣ: Эрон ба тавтеаҳои Амрико қотеъона посух медиҳад
Дастёр ва мушовири олии фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон бо баёни ин ки ҳар ҳаракати зиддиэронӣ минтақаро дигаргун мекунад гуфт, амрикоиҳо агар ба фикри тавтеа бошанд, Эрон аз баҳри Миёназамин то дарёи сурх ва Уқёнуси Ҳинд ба онҳо посух медиҳад.
Сардори сарлашкар Сайид Яҳё Раҳими Сафавӣ дар суханронии пеш аз хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон, бо таъкид бар ин ки сиёсати Эрон эҷоди сулҳу амнияти пойдор дар минтақа ва хуруҷи нерӯҳои бегона аст афзуд, Эрон қасди таҳоҷум ва кишваркушоӣ надорад, аммо дар баробари мутаҷовизон қотеъона аз худ дифоъ мекунад.
Сарлашкар Сафавӣ бо ишора ба шикастҳои Амрико дар минтақа, аз ҷумла дар Сурия, Ироқ, Афғонистон, Лубнон, Фаластин ва Яман тасреҳ кард, муттаҳидони инқилоби исломӣ ва ҷабҳаи муқовимат бо доштани зарфиятҳои азими мардумӣ ва инсонҳое, ки ҳушманд ва шуҷоу боангеза ҳастанд, аз муттаҳидони Амрико қавитар шудаанд.
Дастёр ва мушовири олии фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон ба нокомии эътилофи Саудӣ дар ҳамла ба Яман низ ишора кард ва гуфт, дифои имрӯзи яманиҳо дар қолаби муқобилаи бамисл як дифои қонунӣ аст.
Сарлашкар Сафавӣ бо баёни ин ки Амрико ва мутаҷовизон ба Фаластин ва Яман, имрӯз фарсуда ва хаста шудаанд, изҳор дошт, қудрати Амрико рӯ ба уфул аст ва режими саҳюнистӣ, ки замоне шиори "Аз Нил то Фурот" медод, шикастҳои паёпайро мутаҳаммил мешавад.
Дастёр ва мушовири олии фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон ҳамчунин бо ишора ба ҷанги иқтисодии Амрико бо мардуми Эрон таъкид кард, мардуми Эрон фишорҳои иқтисодӣ ва сиёсиро бо муваффақият пушти сар хоҳанд гузошт.