Сентябр 23, 2019 10:29 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Эрон ҳаргиз таҳти фишор бо Амрико музокира намекунад

Муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон эҳтимоли дидори Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро дар ҳошияи нишатси Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк рад кард.

Ба гузориши "Форс", Сайид Аббоси Ироқчӣ дар гуфтугӯ бо рӯзномаи бритониёии "Индепендент" афзуд: То замоне ки фишори ҳаддиаксарии Амрико алайҳи Эрон идома дошта бошад, Эрон ҳеч гоҳ бо ин кишвар вориди музокира нахоҳад шуд. 

Ироқчӣ бо баёни ин ки фишори ҳаддиаксарии Амрико боиси муқовимати ҳаддиаксарӣ аз сӯи Эрон шудааст, афзуд, на Эрон ва на ҳеч кишвари дигаре таҳти фишор музокира нахоҳад кард. 

Вай гуфт, агар Трамп ба тавофуқи ҳастаӣ бозгардад, Эрон дар чорчӯби нишасти 5+1 бо Амрико гуфтугӯ хоҳад кард. 

Амрико баъд аз хуруҷ аз БарҶом корзоре ҳамаҷониба барои эъмоли фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст. 

Трамп сешанбеи 8 майи соли 2018 ба таври якҷониба, бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон нисбат ба БарҶом, кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард. 

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шуд.  

Барчасп