Сентябр 24, 2019 12:37 Asia/Dushanbe
  • Машваратҳои Руҳонӣ ва Макрон дар ҳошияи нишасти маҷмаъи умумии Созмони Миллал

Ҳасани Руҳонӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва Эмануэл Макрон-раиси ҷумҳури Фаронса асри душанбе ( ба вақти маҳаллӣ ) дар ҳошияи ҳафтоду чаҳорумин нишасти маҷмаъи умумии Созмони Миллал дар Нию-Йорк дидору гуфтугу карданд .

Ба гузориши Садои Хуросон , Руҳонӣ ва Макрон дар ин дидор бар азми худ барои тавсеъаи равобиту ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталифи дуҷонибаву байналмиллалӣ таъкид ва дар бораи ҷузъиёти талошҳои Фаронса ва дигар тарафҳои боқимонда дар БарҶом барои ҳифзу иҷрои  таъаҳҳудоти ин тавофуқ ба унвони тавофуқи чандҷонибаву байналмиллалӣ , шароити ҳассоси минтақа ва ибтикори ҷадиди Руҳонӣ барои ҳифзи амнияти минтақаи халиҷи Форс мавсум ба " Ибтикори сулҳи Ҳурмуз " ройзанӣ карданд .

Руҳонӣ дар ин дидор зимни таъкид бар вазифаҳо ва масъулияти сойири тарафҳои БарҶом, аз ҷумла  Фаронса барои ҳифзи ин тавофуқи муҳими байналмиллалӣ баъд аз хурӯҷи якҷонибаву ғайриқонунии Амрико аз он ؛ баёнияи рӯзи душанбеи кишварҳои Фаронса , Британия ва Олмонро иттиҳомзании беасос ба Ҷумҳурии исломии Эрон  унвон  аз он интиқод кард .

 Эмануэл Макрон низ дар ин дидор зимни истиқбол аз тарҳи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон барои амнияти минтақаи халиҷи Форс , ба ташреҳи талошҳои Фаронса барои кумак ба иҷрои БарҶом пардохт ва ҳамкории Аврупо бо сойири тарафҳои ин тавофуқ ба вижа  Русияву  Чинро зарурӣ донист .

 

Барчасп