Рӯҳонӣ дар дидори Гутерреш: Нанги ҷиноёти Амрико дар қиболи миллати Эрон ва сукути СММ дар торих хоҳад монд
(last modified 2019-09-26T07:00:29+00:00 )
Сентябр 26, 2019 12:00 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ дар дидори Гутерреш: Нанги ҷиноёти Амрико дар қиболи миллати Эрон ва сукути СММ дар торих хоҳад монд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори дабири кулли Созмони Милал дар Ню-Йорк, аз сукут ва беамалии ин созмон дар қиболи тероризми иқтисодии давлати Амрико алайҳи миллати Эрон интиқод кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, эрониён дар ҳар сурат аз ин мушкилот ҳамонанди мушкилоти қаблӣ убур хоҳанд кард, аммо нанги ҷиноёти Амрико алайҳи миллати Эрон ва сукути Созмони Милал дар қиболи он дар торих хоҳад монд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин дидор ҳамчунин бо ишора ба вазъияти шиканандаи минтақа гуфт, имрӯз Фаластин дар шароити сахте аст ва режими саҳюнистӣ ба таври рӯзона ба Фаластин, Сурия, Лубнон ва Ироқ таҷовуз мекунаду Созмони Милал дар қиболи ин ҷиноёт сокит аст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар ин ки ин равия бояд тағйир кунад, аз Созмони Милал хост, дар баробари таҷовузоту ҷиноёти режими саҳюнистӣ сукут накунад.

Рӯҳонӣ дар идома ба пешрафтҳои ба дастомада дар заминаи буҳрони Сурияву Яман бо ҳамкории Созмони Милал ишора кард ва бар омодагии Эрон барои идомаи ҳамкориҳои созанда бо ин созмон таъкид ва “Ибтикори сулҳи Ҳурмуз” - ро иқдоме ҷадиду ҷиддӣ барои ҳамкории Созмони Милал дар амниятофаринии минтақаӣ тавсиф кард.

Антонио Гутерреш низ дар ин дидор бо ситоиш аз мавозеи созандаву кумаки муассири Эрон ба Гейр Педерсен, намояндаи вижаи дабирии кулли Созмони Милал дар умури Сурия, барои ташкили кумитаи қонуни асосии Сурия ва кумак ба пешрафти раванди Остона гуфт, пешрафтҳои хубе низ дар Яман сурат гирифтааст.

Дабири кулли Созмони Милал ҳамчунин бо баёни ин ки Созмони Милал ба таври комил аз БарҶом ҳимоят мекунад, изҳор дошт, БарҶом як тавофуқи байналмилалӣ ва бахше аз як қатъномаи Шӯроӣ амният аст.

Гутерреш дар идома бо ситоиш аз талошҳои Эрон дар заминаи ҳаллу фасли масоили Сурияву Яман, бар густариши ҳамкории СММ бо Эрон таъкид ва аз ибтикори ҷадиди Рӯҳонӣ истиқбол кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал, зимни табйини мавозеи минтақаӣ ва байналмилалии Эрон, тарҳи сулҳи минтақаӣ бо унвони “Ибтикори сулҳи Ҳурмуз” ё “Эътилофи умед” –и ро ироа кард.