Зариф:Амрико агар мехоҳад бо Эрон музокира кунад ба тааҳудоташ бозгардад
Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки Теҳрон ҳеҷгоҳ иқтисод ва ояндаи мардуми Эронро дар гирави дидори намоишӣ бо Трамп қарор нахоҳад дод тасреҳ кард ҳамонтавр, ки раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ фармуданд агар амрикоиҳо мехоҳанд бо Эрон музокира кунанд бояд ба тааҳудоташон бозгарданд ва таҳримҳоро мутаваққиф кунанд.
Ба нақл аз ИРНО, Муҳаммадҷаводи Зариф асри шанбе дар поёни сафари 9рӯзаи худ ба Нию-Йорк дар ҷамъи хабарнигорон тасреҳ кард, Эрон ҳеҷгоҳ бо як кишвари аҳдшикан музокира нахоҳад кард.
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин дар бораи равобити Эрон ва Арабистон ва тарҳи ибтикори "Сулҳи Ҳурмуз" гуфт, тарҳи ибтикори "Сулҳи Ҳурмуз" беҳтарин фурсат барои пайвастани Арабистон ба эътилофи Умед аст.
Зариф бо таъкид бар ин ки Эрон ҳамеша хоҳони сарбаландии ҳамсоягонашон будааст афзуд, Теҳрон ҳамвора ба ҳамсоягони худ ба унвони бародароне, ки то поёни таърихи ҳамсояи Эрон ҳастанд менигарад на ба унвони мавҷӯдоте, ки фақат барои душидан метавонанд қобили истифода бошанд.
Вазири умури хориҷаи Эрон ба кумакҳои Эрон ба Кувейт дар замони таҷовузи режими Саддом ба он кишвар ва ҳамчунин кумакҳои Теҳрон ба Қатар дар замони муҳосираи ин кишвар аз сӯи Арабистон ва муттаҳидонаш ишора ва таъкид кард, Эрон ҳеҷгоҳ ҳамсоягонашро раҳо накарда ва нахоҳад кард.
Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид, зимни табйини мавозеи минтақаӣ ва байналмиллалии Эрон тарҳи сулҳи минтақаӣ бо унвони ибтикори Сулҳи Ҳурмуз ё эътилофи Умед-ро ироа кард.