Вахомати авзои ҷисмонии донишманди эронии дар банди Амрико
(last modified Mon, 30 Sep 2019 06:05:07 GMT )
Сентябр 30, 2019 11:05 Asia/Dushanbe
  • Вахомати авзои ҷисмонии донишманди эронии дар банди Амрико

Авзои ҷисмонии Масъуди Сулаймонӣ, донишманди эронии зиндонӣ дар Амрико вахим гузориш шудааст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Сулаймонӣ, ки аз 11 моҳи пеш дар зиндонҳои Амрико зиндонӣ аст, ҳафтаи гузашта ду ҳамлаи асабӣ дар ноҳияи қафаси сина доштаву то кунун ҳеч доруе барои дармон ба вай дода нашудааст.

Ин донишманди эронӣ дарди шадидеро таҳаммул мекунад ва чанд рӯзи гузашта низ ба сахтӣ имкони барқарории тамос бо хонаводаи вай фароҳам шуд.

Масъуди Сулаймонӣ - устоди тамоми Донишгоҳи тарбияти мударрисии Теҳрон ва яке аз донишмандони барҷаста дар ҳавзаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ, аз ҳудуди 11 моҳ қабл ба далоили беасос дар зиндонҳои Амрико маҳбус аст.

Ниҳодҳои илмиву донишгоҳӣ ва ҳуқуқи башарӣ бо маҳкум кардани ин иқдоми Амрико, озодии донишманди эрониро хостор шудаанд.

Маъсумаи Ҷавонӣ, модари Масъуди Сулаймонӣ, ки пас аз шунидани хабари боздошти фарзандаш аз сӯи маъмурони амниятии режими Амрико аз 7 моҳ қабл ба кома рафта буд, чанде пеш дар синни 63 солагӣ ҷони худро аз даст дод.

Дурӣ аз фарзанду нигаронӣ аз вазъияти ӯ аз далоили фавти он марҳума эълом шуд.

 

Барчасп